Менеҷмент. Қисми I

Китоби мазкур асосҳои назариявӣ ва амалии менеҷментро дар бар мегирад. Он ҳамчун маводи таълимӣ барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 465 саҳифа
7.3. Консепсияҳои асосии фаъолияти мотиватсионӣ
Асоси консепсияи фаъолияти мотиватсиониро талаботи одамон, яъне ҳис намудани норасоиҳо, шароити зиндагии номатлуб ва ғайра ташкил медиҳанд.
Талабот аз зинаҳои ибтидоӣ (баробари таваллуд шудани одам) ва бадастоврдашуда (иҷтимоӣ) иборат аст.
Ба талаботи ибтидоӣ эҳтиёҷ ба хӯрок, об, гармӣ ва ба талаботи иҷтимоӣ сухан гуфтан, дониш гирифтан ва худро нишон додан, дохил мешаванд.
Вақте, ки одам дарк мекунад, ки талабот пайдо шудааст, дар ӯ хоҳише пайдо мешавад, ки худро таъмин гардонад. Баъд аз ин боз ҳавасмандӣ ба хоҳиш пайдо мегардад. Аммо ҳавасмандӣ ҳамон вақт фаъол шуда метавонад, ки агар инсон боварӣ дошта бошад, ки барои ба даст овардани хоҳишаш қувваташ мерасад.
Тарафдорони ин консепсия равоншиносии амрикой А. Маслоу, Ф. Герсберг, Д. Мак Клелланд мебошанд.
Назарияи мотиватсионии А. Маслоу, бори аввал ҳамчун назарияи пайдарпайии (иерархияи) талабот соли 1940 пешниҳод шуд. Мувофиқи ин консепсия дар одамон доимо талаботи гуногун пайдо шуда, аз гурӯҳҳои мухталиф иборат буда, нисбат ба якдигар дар зинаҳои иерархӣ ҷойгир мебошанд. А. Маслоу ин талаботро ба панҷ гурӯҳ тақсим намуда, дар шакли аҳром гурӯҳбандӣ менамояд:
Худифодагарӣ
Худнишондиҳӣ
Дастгирӣ
Бехатарӣ
Талаботи физиологӣ
Расми 2. Аҳроми талабот.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё