Зеҳн
Менеҷмент. Қисми I

Китоби мазкур асосҳои назариявӣ ва амалии менеҷментро дар бар мегирад. Он ҳамчун маводи таълимӣ барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 465 саҳифа

ТиҷоратИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

Ғайр аз ин, кам кардани маоши роҳбар, мукофот надодан, иловапулӣ надодан низ ба ҳамин гурӯҳ тааллуқ доранд.

Таъсиррасонӣ - ташкилӣ нақшаи аниқи корӣ барои ҳар як коргар, гурӯҳ, ва коллективи меҳнатӣ. Назорат ва ҷамъбасти иҷроиши супориш ва нақшаҳо, инчунин муайян кардани мукофотҳо ва ҷоизаҳо аз натиҷаи ҷамъбаст.

Усулҳои иҷтимоӣ
Шарт - барпо намудани имконоти баробар барои ҳамаи аъзоёни коллектив, новобаста аз вазифа, ҳиссаи меҳнатӣ, ҳолати иҷтимоӣ ва ғайра;

Таъсиррасонӣ - ташкил ва гузаронидани банақшагирии иҷтимоӣ ва танзиму беҳтар намудани шароити меҳнат ва истироҳати аъзоёни коллектив.

Усулҳои рӯҳӣ Шарт - ба вазифаҳои роҳбарӣ роҳ надодани шахсони ғайрикасбӣ ва нуқсондори рӯҳӣ ва тафтиши фаврии муҳити рӯҳии коллектив ва розигии коллектив.

Таъсиррасонӣ - саривақт таъмин намудани кормандони соҳибмаълумот, ташкили гурӯҳҳои алоҳидаи корӣ, оҳиста-оҳиста аз байн баровардани шахсоне, ки муҳити рӯҳии коллективро коста мекунанд.

Усулҳои ташкилӣ Шарт - қабули қарорро бе муҳокимаи пешакии коллектив роҳ надодан; муҳокимаи ҳатмӣ дар коллектив доир ба масоили қарорҳои дурнамои корхона, муайян кардани ҳавасмандии моддӣ оид ба тайёр кардан, қабул ва ҷорӣ кардани қарори самаранок ва ғайра.

Таъсиррасонӣ - дигаргунсозии сохтори нави самараноки коллективи меҳнатӣ, аз вазифа озод кардан, ё ба вазифа таъин кардан ва ғайра.

Усулҳои ҳуқуқӣ Шарт - асосноккунии ҳуқуқии шароит ва таъсиррасонӣ дар санадҳои меъёрӣ, назорат ва иҷроиши санадҳои меъёрӣ.

Таъсиррасонӣ - истифодаи механизми мотиватсионии менеджмент. Дар натиҷаи таъсиррасонии механизми мотиватсионии менеджмент субъект ва объекти идоракунӣ фаъол гардида, барои иҷрои мақсадҳо шароит пайдо мегардад.

пешина
аз 465
навбатӣ