Менеҷмент. Қисми I

Китоби мазкур асосҳои назариявӣ ва амалии менеҷментро дар бар мегирад. Он ҳамчун маводи таълимӣ барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 465 саҳифа
Таъсиррасоние, ки ба талабот ҷавобгӯӣ мебошад бояд, ки ҳолати коллективи меҳнатиро хуб гардонида, дар шакли оптималӣ боқӣ монад.
Таъсиррасониро вобаста ба рафтори одамон муайян кардан мумкин аст. Аз ин рӯ, ҳам таъсиррасонии мусбӣ ва ҳам таъсиррасонии манфиро ба инобат гирифтан лозим аст.
Рафтори мусбии коллектив муносибати хуби байни шахсон, дар сари вақт ва сифатнок иҷро намудани вазифаҳо, беҳтар кардани шаклу усулҳои корӣ ва ғайраро меноманд.
Рафтори манфии коллектив ташкили муҳити ғайриматлуби рӯҳӣ, доимо иҷро нашудани супоришҳо, бюрократизм, рафтори ғайрикасбӣ ва ғайра дар назар дошта мешавад.
Асоси усулҳои идоракунии мотиватсиониро, усули таъсиррасонии идорӣ ташкил медиҳад.
Таъсиррасонӣ вобаста ба хислату шароит ба ду гурӯҳ ҷудо мешавад:
- таъсири ночизе, ки дар шакли танзимкунандагии ҷараёни рафтори одамон зоҳир мегардад;
- таъсири фаъоле, ки ба як коргари мушаххас ва коллектив дар якҷоягӣ расонда мешавад.
Таъсири ночиз (пассив) боз аз навъҳои маҳдудкунии рафтори нодуруст, ташхиси рафтори нодуруст, мотиватсияи рафтори дуруст, иборат аст.
Таъсиррасонии фаъол низ гурӯҳҳои аз байн бурдани натиҷаи рафтори нодуруст, ташхиси омилҳое, ки рафтори нодурустро дастгирӣ менамоянд, мотиватсияи рафтори дурустро дарбар мегиранд.
Ҳамаи усулҳои асосии идоракунӣ, ки дар боло номбар шудаанд, сохтор ва таркиби механизми мотиватсиониро ташкил медиҳанд. Мазмуни асосии онҳо вобаста ба ҳар як усули идоракунӣ, ки шарти таъсиррасониро мотивация мекунад, аз чунин хусусиятҳо бархурдор мебошанд.
Усулҳои иқтисодӣ
Шарт - мотивацияи иқтисодӣ, ё ҳавасмандкунии моддӣ бояд ки фарқи натиҷаи мусбӣ ва ҳаҷми ҳавасмандии моддиро инъикос намояд. Мазмуни шарт дар он аст, ки ҳавасмандкунии рафтори мусбии мотиватсиониро таъмин карда тавонад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё