Зеҳн
Менеҷмент. Қисми I

Китоби мазкур асосҳои назариявӣ ва амалии менеҷментро дар бар мегирад. Он ҳамчун маводи таълимӣ барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 465 саҳифа

ТиҷоратИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

Дар шароити системаи нақшавӣ ва маъмурӣ - фармондиҳӣ ба сифати усулҳои самараноки иҷтимоии мотивация, усулҳои меъёрӣ, рафтори шахсӣ, ташвиқотию тарғиботӣ баромад мекарданд. Акнун, дар шароити иқтисоди бозорӣ ин усул моҳияти худро гум кардааст ва усули иқтисодӣ дар дараҷаи аввал меистад.

Усули рӯҳӣ бо мазмуни худ усули мураккаби идоракунии мотивационӣ буда, дар асоси омӯзиши қонунҳои рафтори одамон ва дараҷаи инкишофи шахсиятҳо сурат мегирад. Фаъолияти муҳим ва асоси бедор кардани рафтори рӯҳии шахсият, дӯстдории меҳнат, интихоби касб, мувофиқ будан барои аз нав омӯзондан ва ғайра, маънидод мешавад.

Гурӯҳи дигар усулҳо ташкилӣ (ё ин ки ташкилию маъмурӣ), буда супориши бевоситаи маъмурӣ, меъёрҳо ва тартибу интизом, ҷавобгарии маъмурӣ, ҷарима ва мукофотҳоро дарбар дорад.

Дар шароити давлати ҳуқуқбунёди дунявӣ усули ҳуқуқии идоракунӣ мақоми хоса дорад.

Бинобар ин, тамоми чорабиниҳои ташкилию иқтисодӣ дар асоси санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ амалӣ мегарданд.

Барои ташкили механизми дурусти мотивасиюнии менеҷмент дарк намудан зарур аст, ки кадом параметрҳо, қоидаҳо ва хислати таъсиррасонии сохтор ва таркиби фаъолиятҳо истифода карда шудаанд. Асоси сохтани механизми мотивациониро қоидаи худташкилӣ, рафтори фардӣ ва иқтисодии одамон дар рафти фаъолияти таъсиррасонии мотивасиюнии якҷоя дар коллективҳои меҳнатӣ ташкил медиҳад ва онҳо бояд ба талаботи зерин ҷавоб дода тавонанд:

  • ягон таъсиррасонӣ бояд ҳолати мавҷудаи корхонаро вайрон насозад; * ягон таъсиррасонии бояд ба ҳолати рӯҳии коллектив таъсири манфӣ нарасонад; * кадом таъсире, ки ба ҳолати коллектив хусусияти манфӣ мерасонад, бояд аниқ шуда, аз байн бурда шавад; * кадом таъсире, ки барои беҳтар шудани коллектив кӯмак мерасонад, бояд, ки ҳавасманд карда шавад.
пешина
аз 465
навбатӣ