Зеҳн
Менеҷмент. Қисми I

Китоби мазкур асосҳои назариявӣ ва амалии менеҷментро дар бар мегирад. Он ҳамчун маводи таълимӣ барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 465 саҳифа

ТиҷоратИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

омилҳои дохила ва беруна; фаъолгардонии омилҳои рафтори мотиватсионӣ;

интихоб ва амалӣ гардонидани объекти стратегии рафтори худ;

натиҷагирӣ аз ҷорӣ кардани стратегияи субъект ва объект дар шакли функционалӣ;

истифодаи имконоти субъект ва объектҳои мотиватсионӣ.

Мотиватсия ҷамъи ҳолатҳои рӯҳӣ, ки рафтори одамонро пурра муайян мекунанд инъикос месозад. Ба ҳолатҳои маънавию зеҳнӣ рафтори инсонӣ тамоми ҳолатҳои одамӣ: мақсад, ҳавас, афсӯсхӯрӣ, ҳаракат, ақида, боварӣ, талабот, масъалагузорӣ ва ғайра дохил мешавад.

Ҳамаи ин мафҳумҳои гуногун дар маҷмӯъ мотиви рафтор номида мешаванд.

Ҷомеашиносон чунин шаклҳои ҳавасмандиеро ҷудо мекунанд, ки ба одам ва мотиви он таъсир мерасонад:

омили беруна, таъсири омилҳои беруна ва мотивҳо;

омили дохилӣ, ҳолатҳои рӯҳӣ, инъикоси таъсири беруна ба асаби одам, муносибати худи одам он ба рафторашон.

Мотиватсия вобаста ба дараҷаи мақсаднокии ташкилот ду навъ: таъминкунандаи ба мақсад расидан ва халалрасонандагони ба мақсад расидан (мусбат ва манфӣ) мешавад.

Ба мотиватсияи мусбӣ мукофотҳои пулӣ, иловапулиҳо, баланд шудани шахсият, боварии коллектив, кори боваринок фармудан ва ғайра, дохил мешаванд.

Ба мотиватсияи манфӣ ҳар гуна ҷаримаҳо, паст шудани обрӯю эътибор дар коллектив, ҷудоии маъзнавӣ аз вазифаи озод намудан, ё худ ба вазифаи паст фуровардан ва ғайра, дохил мешавад.

Вобаста ба равандҳо ва усулҳои идоракунии мотиватсияҳои моддӣ, иҷтимоӣ, пулӣ ва ҳукмронӣ, фардӣ, гурӯҳӣ, ҷамъиятӣ низ вуҷуд доранд.

Дар шароити иқтисоди бозорӣ мақоми асосиро усулҳои иқтисодии мотиватсия, аз қабили системаҳои гуногуни мукофотҳои пулӣ ва ҷаримаҳо, муайян кардани вобастагии бевоситаи таъминоти моддии одамон аз натиҷаи меҳнат, инчунин дигар мукофотҳои моддӣ иҷро менамоянд.

пешина
аз 465
навбатӣ