Менеҷмент. Қисми I

Китоби мазкур асосҳои назариявӣ ва амалии менеҷментро дар бар мегирад. Он ҳамчун маводи таълимӣ барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 465 саҳифа
Ҳамин тариқ, самаранокии мотивасия ҳамон вақт таъмин карда мешавад, ки агар дар асоси ҳавасмандии мавҷуда ва вобаста ба ин мотивҳо пайдо намудани комплекси мотиватсионии пуркувват дастрас гардад.
Комплексҳои мотиватсионии устувор имкон медиҳад, ки ташкилот муҳлати зиёд онҳоро истифода намуда, ҳайати корхонаро идора намоянд.
Комплексҳои мотиватсионӣ имконият медиҳад, ки майдони васеи ҳамкории байни ташкилот ва коргарон, инчунин монеаи байни роҳбарон ва коргаронро аз байн бардошта, самаранокии меҳнат ва истеҳсолотро таъмин намоем.
Маркази асосии менеҷмент механизми мотиватсионии фаъолгардонии рафтори шахсони алоҳида ва аъзои коллектив дар асоси худташкилкунӣ мебошад. Таркиби асосии механизми мотиватсионӣ аз унсурҳои зерин иборат мебошад:
субъект ва объекти мотивасия, ки системаи дохилии омилҳои сотсиалии рафтори одамонро дарбар мегирад;
мотивасияи рафтори беруна, ки шароити иҷтимоию сиёсӣ, молиявӣ ва андоз, қонунгузориҳо, шароити манзилӣ, маишӣ, табиию ҷуғрофӣ, табиию миллӣ ва ғайраро дарбар мегирад.
Самаранокии таъсири механизми мотивасия дар фаъолгардонии рафтори иқтисодӣ ба дараҷа ва созиши ташкилӣ, идоракунӣ ва муносибатҳои байниҳамдигарӣ дар коллективҳои меҳнатӣ вобаста аст. Ин нишондиҳанда аз рӯи омилҳои иҷтимоию иқтисодӣ, илмию техникӣ, маданӣ, қавмиву рӯҳӣ, ҳуқуқӣ ва ғайра муайян карда мешаванд.
Механизми мотиватсионӣ дар асоси ҷараёни итераатсионӣ, ки аз робитаи зеҳниву мантиқӣ иборат аст, сурат мегирад ва дорои унсурҳои зерин аст:
бамиёнгузории мақсади субъект;
интихоби стратегияи рафтори субъект дар асоси фаҳмиши ҳолати мотивҳои дохила ва беруна, моделсозӣ ва дурнамои интихоби стратегияи рафтори объект, баҳодиҳӣ ва муқоисаи натоиҷи ҳисобӣ;
амалӣ гардонидани стратегияи рафтори субъект бо роҳи таъсиррасонии мотиватсионӣ ба объект;
фаҳмидани таъсири объекти мотиватсионӣ, қабули таъсир дар асоси

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё