Зеҳн
Менеҷмент. Қисми I

Китоби мазкур асосҳои назариявӣ ва амалии менеҷментро дар бар мегирад. Он ҳамчун маводи таълимӣ барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 465 саҳифа

ТиҷоратИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

аксаран ба инкишофи умумӣ ва касбии коргарон равона карда шуда, ягонагӣ ва қадршиносии байни сохтори ташкилӣ ва шахсони алоҳидаро таъмин менамояд.

Мотивацияе, ки ба фаъолияти ҳаётии одамҳо вобаста аст, пеш аз ҳама барои таъмин намудани талаботи шахсӣ: пардохти музди меҳнат, ҳавасмандӣҳо, имтиёзҳо ва бартариятҳо, ки ташкилот ба коргарони кор мекардагӣ ва пешина пешниҳод мекунад равона шудааст.

Азбаски захираҳои ҳавасмандкунии моддӣ маҳдуд мебошанд, роҳи самараноки ҳавасмандкунӣ интихобу ҷустуҷӯи ҳар гуна намудҳои ҳавасмандии моддӣ ба шумор меравад.

Дар ихтиёри системаи идоракунӣ бояд доимо роҳҳои гуногуни ҳавасмандӣ бошад, ки барои ягонагии мотив истифода баранд.

Шаклҳои инкишофёфтаи ҳавасмандкунии солҳои 70-90-уми асри ХХ асосан музди меҳнат ва мукофот буд. Чунин шакли ҳавасмандкунӣ имрӯз комплекси мотиватсиониро қаноатманд карда наметавонад. Чунки, аз як тараф, агар ҷараёни беқурбшавӣ ва аз тарафи дигар, баландшавии арзиши молҳо боиси паст шудани музди номиналии мардум гаштааст, махсусан дар шароити феълии корхонаҳои буҷавӣ мазмуни худро гум кардааст. Сабаби дигар мотивҳое ҳастанд, ки ба инкишофи талаботи маънавии одамон берун аз корхона фаъолият мекунанд.

Мавҷуд будани сабабҳо - натиҷаҳои алоқаи байни мотивҳо дар пайдарпаии дохил шудани мотивҳои дараҷаҳои гуногун дар таъсири ҳавасмандӣҳои муайян маҳсуб мегардад.

Барои муҳити беруна комплексҳои мотиватсионӣ ба омилҳои иқтисодӣ ва идоракунӣ вобаста мебошад, ки ҳамчун захираҳои ҳавасмандкунӣ истифода карда мешаванд. Корхонаҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ устувор меъёрҳои идоравӣ ва меҳнатро риоя менамоянд. Дар онҳо ҳавасмандкунӣ дараҷаи устувор дорад, аммо на ҳама вақт ба рӯзмаррагии мотиви коргарон мутобиқат менамояд.

Ҳавасмандӣ аз рӯи табиати худ нисбат ба мотивҳо кам инкишоф меёбад. Ҳатто шароити кори корхона тағйир наёбад ҳам мотив ва комплекси он куллиан тағйир меёбад. Бинобар ин, устувории комплекси мотиватсионӣ ҳамчун ягонагии мотив ва ҳавасмандӣ бояд доимо дар назорати идоравӣ бошад, яъне доимо мо назорати миқдорӣ, сифатӣ, муносибати байни коргаронро дар ҷараёни истеҳсолӣ дошта бошем.

пешина
аз 465
навбатӣ