Менеҷмент. Қисми I

Китоби мазкур асосҳои назариявӣ ва амалии менеҷментро дар бар мегирад. Он ҳамчун маводи таълимӣ барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 465 саҳифа
7.2. Ташаккули комплексҳои мотиватсионӣ дар
фаъолгардонии фаъолияти менеҷмент
Инсоният як корро иҷро карда, дар рафтори худ якчанд мотивро дар назар дорад, ки ин вазифаи ҳавасмандкуниро мураккаб мегардонад.
Бинобар ин, дар ченаки ҳақиқии мотиватсия комплекси мотиватсионӣ истифода мешавад, ки он муайян кардани ягонагии байни ҳавасмандӣ ва мотивро дарбар гирифта, ки аз унсурҳои зайл иборат мебошад:
❖ якбора мавҷуд будани якчанд намуди мотивҳои меҳнатии фаъолгардонӣ;
❖ мавҷуд будани якчанд ҳавасмандӣ, ки ба захираҳои гуногуни
истифодабаранда тааллуқ доранд;
❖ мавҷудияти алоқамандии пайдарпайи сабабу натиҷавии байни мотив ва
ҳавасмандӣ;
❖ устувории комплексҳои мотиватсионӣ;
❖ қобилияти модернизатсияи комплексҳои мотиватсионӣ вобаста ба
инкишофи равандҳои мотивҳо ва ҳавасмандӣ;
❖ қобилияти аз байн бурдани зиддияти байни ҳавасмандӣ ва мотив.
Барои баҳо додан ба ҳар яке аз ин нишонҳои мотиватсия се гурӯҳи мотивро ҷудо менамоем:
- Мотивҳои бевосита ба меҳнат алоқаманд буда.
- Мотивҳои бевосита ба ташкилот алоқаманд буда.
- Мотивҳои ба фаъолияти ҳаёти одамон вобаста буда.
Мотиве, ки бевосита аз ҷараёни нурони меҳнат пайдо мешавад, умуман ҳамчун қаноатмандӣ аз натиҷаи меҳнат номидан мумкин мебошад. Ягонагӣ байни ҳавасмандӣ ва мотиви меҳнат ин ташкили шароити хуби меҳнат, гуногуншаклии мазмуни меҳнат, реҷаи дурусти меҳнат ва истироҳат, кам кардани меҳнати табиӣ ва ғайра мебошад.
Мотиве, ки ба ташкилот амалиёти функционалии он ба миён меояд, дар
шакли институти махсусгардонидашудаи иҷтимоию иқтисодӣ буда, моҳияти
таъминоти гурӯҳиро дорад. Чунин мотивҳо ба вазифаи баланд гирифтан,
гуногунии мавқеи иҷтимоию маънавӣ ташкили сохтори ташкилие, ки фаъолнокии
коргаронро таъмин менамояд ва дигар ҳавасмандкуниҳо вобаста аст. Ҳавасмандӣ

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё