Менеҷмент. Қисми I

Китоби мазкур асосҳои назариявӣ ва амалии менеҷментро дар бар мегирад. Он ҳамчун маводи таълимӣ барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 465 саҳифа
Дар ин ҳолат ҳавасмандкунӣ барои коргар бетаъсир мемонад, чунки онҳо қобилияти баланд бардоштани самаранокии меҳнатиро надоранд.
Дар ин ҳолат ҳудуди поёнии ҳавасмандӣ муайян карда мешавад, ки аз ӯ поён фаромадани ҳавасмандӣ аллакай дигар тарафи таъсири мусбии худро намеёбад.
Мазмуни ҳавасмандӣ - ҷамъи воситаҳо, арзишҳо ва муносибатҳое мебошад, ки ташкилот ва роҳбарон барои баланд бардоштани самаранокӣ ва ҳосилнокии меҳнати коргарон доро мебошанд. Ба мазмуни ҳавасмандӣ музди меҳнат, мукофотҳо, имтиёзҳо ҳар гуна раҳматномаҳо, ва нишонҳои фахрӣ, вазифа додан ва дигар таъсирҳои маънавию рӯҳӣ расонидан дохил мешавад.
Хусусияти хоси ташкилии ҳавасманди ҳудуди ҳавасмандкунӣ, вақти ҳавасмандӣ, тарзи ҳавасмандкунӣ, ки ба самаранокии он таъсири худро мерасонад, ба шумор мераванд.
Самаранокии унсури вақти ҳавасмандӣ бо омилҳои зайл алоқаманд мебошанд:
-
Омили давомнокии таъмини талабот ба ҳавасмандӣ равона шудааст. Ҳангоме ки таъминоти доимӣ, ё мӯҳлати дарози таъминоти талабот дида мешавад, вақти ҳавасмандкунӣ он қадар мавқеи муҳим надошта, андозаи он мақоми хоса дорад.
-
Дар шароити барқарор, ё такрори таъминоти талабот, ҳавасмандӣ ба ҳар як давраи худаш бояд мутобиқ бошад. Ҳавасмандӣ бояд бо назардошти кори иҷрошуда ва моҳияти талаботи он равона шуда бошад.
-
Талаботе, ки вобаста ба тағйирёбии мавқеи одамон, мисли синну сол, вазифа, тарзи зиндагӣ ба вуҷуд меояд, бояд бо ҳавасмандӣ мутобиқ бошад.
Ҳодисаҳои зарурии ҳаётӣ, ба монандӣ оиладор шуданд, таваллуди фарзанд, тағйири ҷои зист, вазифаи баланд гирифтан, талаботи одамонро ба мотиватсияи нав ва захираҳои зарурӣ зиёд мекунад. Барои идоракунӣ муайян кардани дараҷаи ҳавасмандӣ, ки талаботро қонеъ менамояд, шарти зарурӣ мебошад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё