Зеҳн
Менеҷмент. Қисми I

Китоби мазкур асосҳои назариявӣ ва амалии менеҷментро дар бар мегирад. Он ҳамчун маводи таълимӣ барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 465 саҳифа

ТиҷоратИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

Муҳити берунаи ташкилот

Музди меҳнат,
иштирок дар
идоракунӣ, таъмини
нафақа, вазифа

Ҳавасмандӣ
Бартариятҳо ва имтиёзҳо

МОТИВАТСИЯ

Дастовардҳо,
қаноатмандӣ
пешвой.

Мотив
Эътирофи роҳбарият
аз берун, таъминоти
манзил, ҳолати экологӣ

Муҳити дохилаи ташкилот

Расми 1. Нақшаи ташаккули вазифаи мотиватсия.

Таҳлили нақшаи вазифаи мотиватсия нишон медиҳад, ки ҳар се қисмати он дар зери таъсири омилҳои дохила ва беруна қарор доранд. Ҳавасмандде, ки ба муҳити беруна вобастагӣ дорад, - дараҷаи зиндагии мардуми минтақа, ё давлатест, ки ташкилот дар он фаъолият дорад.

Муҳити дохила бошад, ҳолати иқтисодӣ, технологӣ ва квалификатсияи идоракунӣ мебошад.

Он шакли ҳавасмандне, ки бо мотив моҳияти рӯзмарраи якхела дорад, дар якуогӣ мотиватсияро ташкил менамояд.

Доираи ҳавасмандӣ ва мотив нисбат ба мотиватсия васеътар мебошанд. Ҳавасмандӣ на ҳама вақт ба мотив самаранок таъсир расонида метавонад. Ин ҳолат дар мавридҳои зайл дида мешавад:

мазмун ва таркиби ҳавасмандӣ ба мотиви талаботи ҳаёт мувофиқат намекунад;

ҳаҷми ҳавасмандӣ на он қадар калон ҳаст, ки ба системаи пайдошудаи мотиви одамон мувофиқат намояд;

ҳавасмандии ногаҳонӣ, яъне вақти ҳавасмандӣ, ё худ тартиби ҳавасмандӣ ба давраи рӯзмаррагии талабот мувофиқат намекунад.

пешина
аз 465
навбатӣ