Зеҳн
Менеҷмент. Қисми I

Китоби мазкур асосҳои назариявӣ ва амалии менеҷментро дар бар мегирад. Он ҳамчун маводи таълимӣ барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 465 саҳифа

ТиҷоратИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

Мотивация — ҳамчун қисми таркибии идоракунӣ — ба ҳайси ҳавасмандӣ ба талаботи рӯзмарра ва касбии коргари мушаххасе, ки дар системаи идоракунӣ иштирок мекунад, равона карда шудааст.

Ҳамин тариқ, ҳавасмандкунӣ хислати фардии худро пайдо месозад. Ҳавасмандкунии фардӣ ва табдил додани он ба мотивация, барои инкишоф ва истифодабарии сифатҳои қобилияти пурарзиши коргар, ки асоси касбии ӯро ташкил мекунад, мақсади асосии соҳибкорон гардид.

Дар натиҷа, меҳнат мураккаб гашта, дониши баланд ва технологияи баландро талаб мекунад ва ин боис мегардад, ки мо ҳавасмандкунии фардиро васеъ истифода барем. Мотивация ҳамчун шакли ҳавасмандкунӣ бо назардошти ҳавасмандкунии фардӣ яке аз санадҳои умумии идоракунӣ мебошад.

Дар адабиёти илмии идоракунӣ як қатор маълумот оид ба мафҳуми «мотивация» вуҷуд дорад, вале аниқ нишон дода нашудааст, ки барои чӣ аз мафҳуми «ҳавасмандкунӣ» ҷудо гаштааст. Ба андешаи мо, ҷудошавии ин ду мафҳум дар ҳолате ба миён меояд, ки аллакай мафҳуми «меҳнат» пурра тағйир ёфта, хислати фардӣ гирифтааст.

Бинобар ин, ҳавасмандкунӣ ҳамчун қисми таркибии идоракунӣ мақсад ва вазифаи худро нигоҳ доштааст. Аммо, вақте ки мафҳуми «мотивация» пайдо мегардад, аллакай ин мақсад ва вазифа дар алоқамандии ҳавасмандӣ — мотивация — мотив дида баромада мешавад.

Ҳавасмандкунӣ ҳамчун вазифаи идоракунӣ аз дастгоҳи илмии идоракунӣ ҷудо намешавад, балки мазмуни назариявии ҷамъбастиро ба худ гирифта, бевосита ба назарияи идоракунӣ тааллуқ дорад.

Ҳавасмандкунӣ мотивацияро ҳамчун ҳақиқати объективӣ дида мебарояд, ки ба воситаи он дар шароити имрӯза, таъсиррасонӣ ба коргарон бо назардошти хислати ҳар яке онҳо ташкил карда мешавад. Аз ин нуқтаи назар, мазмуни «Мотивация» ҳамчун фаъолияти идоракуние мебошад, ки барои фаъолгардонии коргарон равона карда шудааст.

Ҳамин тариқ, ҳавасмандкунӣ дар шароити ҳозира хеле мураккаб гашта, аз 3-қисмати мустақили бо ҳам пайваста: «ҳавасмандӣ мотивация мотив» иборат мебошад. Муносибат, ё алоқамандии ин 3-қисмат бо тарзи зайл сурат мегирад.

пешина
аз 465
навбатӣ