Зеҳн
Менеҷмент. Қисми I

Китоби мазкур асосҳои назариявӣ ва амалии менеҷментро дар бар мегирад. Он ҳамчун маводи таълимӣ барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 465 саҳифа

ТиҷоратИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

Қабули қарори идоракунӣ ва соҳибкорӣ низ хислати тадқиқотиро гирифтааст, ки аз соҳибкор дониши ҳаматарафа ва маданияти баланди умумиро талаб мекунад.

Ба ҷои соҳибкорони алоҳида, акнун гурӯҳи соҳибкорон пайдо шудаанд, ки як коллективи пурқувватеро ташкил намуда, дар ҳамкорӣ бо ҳамдигар кор мекунанд.

Соҳибкорон дар таркиби баробариҳо, манфиати коргарони оддиро низ ҷойгир кунонида, дар технологияи махсуси идоракунӣ равияи ҳавасмандкунӣ, ки мақоми хоса дорад, ҷорӣ месозанд.

  1. Мафҳуми «мотивация» дар иқтисодиёт ва идоракунӣ аз илми равоншиносӣ ва ҷомеашиносӣ гирифта шуда, ҳамчун илм алоқамандии «одам ва ҷамъият»-ро меомӯзад. Аммо, дар илми идоракунӣ ин фаҳмиш ташаккул ёфта, мақоми худро дигаргун намудааст.

Дар навбати аввал ҳамчун «Ҳавасмандӣ», яъне таъсиррасонии идоракунӣ бо мақсади тағйир додан, ё тасдиқ кардани рафтори зарурӣ, ё худ фаъолияти зарурии одамон мебошад. Хислатҳои нави ин мазмун бо тағйироте, ки ҳамчун равияи фаъолият на фақат ба меҳнат, балки ба одамон низ нигаронида шудааст, сарчашмаи фаъолгардонии ӯ барои таъмини талаботаш мебошад.

Ҳамин тариқ, ҳавасмандкунӣ ҳамчун таъсири беруна ба одамон барои таъмини ҳосилнокии баланди меҳнати фардӣ, бо дарназардошти талаботи вай асоси моҳияти мотивация мебошад.

Барои он, ки шакли қабулшудаи талаботи одамон мотив аст, масъалаи алоқамандии мотивация ва мотивро ба миён меояд.

Мотивация ва мотив мафҳумҳои гуногун мебошанд, ҳарчанд ки дар адабиёти идоракунӣ аксар маврид онҳоро якҷоя мекунанд. Вақте ки сабаби рафтори одамон ба муносибатҳои ташкилот, сохтори идоракунӣ, ё роҳбарӣ вобаста аст, зарур мешуморанд, ки мотивацияро ба кор баранд. Зеро, ин калима мафҳуми васеи муносибатҳои одамон ва муҳити истеҳсолию меҳнатии онҳоро дарбар мегирад. Мотивация барқарор намудани алоқаи байни ҳавасмандӣ ва мотив, ки барои таъмини талабот равона шудааст, ифода мекунад. Системаи ҳавасмандкуние, ки ба макотиби неоклассӣкӣ хос мебошад, нишонгирӣ на ба ҳамаи мотивҳо, балки фақат ба системаи поёнии пайдарпаии мотивҳо, ки Маслоу пешниҳод менамояд, вобаста мебошад.

пешина
аз 465
навбатӣ