Менеҷмент. Қисми I

Китоби мазкур асосҳои назариявӣ ва амалии менеҷментро дар бар мегирад. Он ҳамчун маводи таълимӣ барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 465 саҳифа
Дар натиҷаи ҳаракатҳои ҷамъиятӣ ва иттифоқи касаба якчанд институтҳои назоратии тиҷорат пайдо шудаанд. Дар ИМА ва аксар мамлакатҳои Аврупо қонунҳои танзими муносибатҳои меҳнатӣ, беҳтар кардани ташкили меҳнат, бамеъёргирӣ ва музди меҳнат пайдо шуда, таҳқиқ меёбанд.
Мувофиқи ин рӯзи кории 8-соата муайян шуда, ҷавобгарии корхонаҳо барои бехатарии меҳнат баланд шуда, бозори воситаҳои истеҳсолие, ки шароити меҳнатро хуб мегардонад, пайдо мешавад.
Чунин равия, ҳамчун равияи беҳтар намудани меҳнат ва муносибатҳои меҳнатӣ, ки имконоти баланд бардоштани арзиши коргарро таъкид месозад, номидан ба мақсад мувофиқ аст.
Акнун коргар барои роҳбар, сардор, ё соҳибмулк на фақат ҳамчун қувваи корӣ, балки ҳамчун одам — шахс, ки дорои ҳуқуқу ӯҳдадориҳои васеъ мебошад, шинохта мешавад.
- Пешрафти илмию техникӣ дар соҳаи истеҳсолот аз коргарон сифати нави касбиро талаб мекунад, чунки меҳнат аз гурӯҳи амалиёти мураккабе иборат аст, ки барои иҷрои он коргар бояд соҳиби донишу малакаи муайян бошад.
Ҳатто дар хати истеҳсолии моли алоҳида, мисол шарбатбарорӣ, коргар бояд, ки дониши миёнаи махсуси техникӣ дошта бошад. Ё худ дар соҳаи нафту кимиё пешаи коргузорӣ аз кори вазнине, ки пештар коргар иҷро мекард, имрӯз ба коре мубаддал гаштааст, ки ӯ бояд ҳам дониши техникӣ дошта, риёзиётро донад ва дар компьютер кор карда тавонад.
Ҳамин тариқ, мазмуни меҳнат дигаргуниҳои куллиро дар раванди зеҳнии соҳаҳои калони саноатӣ ва соҳаҳои нави техникаи барқӣ, радиотехникӣ, электронӣ ва ғайра касб мекунад.
Чунин тағйирот кордиҳандаро маҷбур месозад, ки муносибати худро нисбат ба меҳнат ва муносибатҳои меҳнатӣ дигар намуда, системаи ҳавасмандкунии меҳнатро инкишоф диҳад.
- Тағйирот дар доираи кортаъминкунандагон низ пайдо шудааст. Акнун соҳиби иттиҳодия, соҳибмулк, ё кортаъминкунанда ба ташкилотчӣ мубаддал гаштааст, ки дар асоси амалҳои иқтисодӣ, технологӣ ва сохтори бозорӣ кори худро ташкил менамояд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё