Зеҳн
Менеҷмент. Қисми I

Китоби мазкур асосҳои назариявӣ ва амалии менеҷментро дар бар мегирад. Он ҳамчун маводи таълимӣ барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 465 саҳифа

ТиҷоратИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

7.1. Назарияи мотивиятсия ва мақоми он дар менеҷмент

Мафҳуми «мотивасия» дар адабиёти илмии иқтисодӣ солҳои охир пайдо гардид. Пайдоиши он аз адабиёти хориҷии илмҳои иҷтимою иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва психологӣ, ки ба илми идоракунӣ хизматрафон мебошанд, гирифта шудааст.

Дар адабиёти хориҷӣ ва таҷрибаи муҳаққиқони хориҷӣ калимаи «ҳавасмандкунӣ» кам истифода мешавад. Бо ақидаи онҳо «ҳавасмандкунӣ» бисёртар маънои «мукофот»-ро дорад ва аз ин рӯ дар барномаи идоракунӣ истифода бурда шудааст. Дар асоси ин усулҳо ва шаклҳои камеъёргирӣ ва музди меҳнат кор карда шудааст, ки то замони мо омада расидааст.

Барномаи классикии идоракунии солҳои 20-уми асри ХХ назарияи дигарро, ки дар он диққати асосӣ ҳамчун захираи махсус ба инсон дода шуда, идоракунии вайро аз идоракунии истеҳсолот фарқ кардаанд, ҷудо кардааст.

Ин равандро ҳамчун таълимоти неоклассикӣ дар асоси фаҳмишҳои зайл гуфтан мумкин аст:

  1. То пайдоиши ин барнома, равияи алоҳидаи идоракунии захираҳои башарӣ инкишоф наёфта буд. Ин равия дар асоси як қатор тадқиқоти таҷрибавии Мейо пайдо гашт. Масъалаҳои барномаи классикии идоракуниро олимон ва амалиядорон аз рӯи тадқиқоти Мейо қабул карда, дар ташкили меҳнат ҷорӣ намуданд.

Сарфи назар аз ин дар идоракунӣ то солҳои охир мақоми асосиро раванди технологӣ ва меъёргирии меҳнат гирифта буд. Ғайр аз ин, дар замони таҷрибаҳои Мейо бисёртар хатҳои истеҳсолӣ пайдо мегарданд, ки барои ташкили меҳнат дар тамоми соҳаҳои саноат мӯҳлатҳои зиёде муайян мекарданд. Ҳамин тариқ, дар усули неоклассикӣ омӯзиши идоракунӣ диққати махсусро ба қобилияти одамон, аммо мувофиқи назарияи Тейлор ба ташкил ва идоракунии меҳнат, медиҳанд.

  1. Дигаргунии назарияи неоклассикӣ асосноккунии мантиқии он дар як мӯҳлати кӯтоҳ дар Аврупо паҳн мешавад. Ин равиш бо дастгирии ҳаракатҳои мардумӣ, баъди ҷанги якуми ҷаҳон, солҳои 20-30-юми асри ХХ тамоми Аврупоро фаро мегирад.
пешина
аз 465
навбатӣ