Зеҳн
Менеҷмент. Қисми I

Китоби мазкур асосҳои назариявӣ ва амалии менеҷментро дар бар мегирад. Он ҳамчун маводи таълимӣ барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 465 саҳифа

ТиҷоратИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

ҷамъ намудани деталҳои алоҳида зоҳир мегардид: мисол агар коргар пештар як қисми алоҳидаи насоси обкаширо ҷамъ мекард, акнун ин насосро пура як худаш ҷамъ менамояд. Ё ин ки дар заводҳои нави «General Motors» шакли конвейерии ҷамъоварии автомобил тамоман дида намешавад. Акнун дастгоҳҳои худгард автомобилро ба ҳар як зинаи ҷамъоварии худаш мебарад ва гурӯҳи коргарон як давраи корро пурра ба анҷом мерасонанд. Масалан, шинонидани мотор, часпонидани дару тиреза, ё чархҳои автомобил ба ҷои он ки аввал қариб дар ҳазорҳо автомобил як коргар кори хурдеро иҷро мекард ва ҳавасмандии баландбардории дониш, ё қобилияти фардии худро нишон дода наметавонист, дар ин ҷо бошад сифати кор, вақти иҷрои он тез ба чашм мерасад.

Масъалаи равнақ додани супориши корӣ мувофиқи назарияи А. Маслоу ва назарияи ду омираи Ф. Герсберг талаб мекунад, ки ҳангоми ривоҷ додани супориши коргарон равандҳои мотиватсионии зинаи олӣ: масъулиятнокӣ, худшиносӣ, болоравӣ аз рӯи вазифа ва ғайраро ҷорӣ намоянд. Коргарон худашон захираҳоро назорат карда, мушкилии ташкили меҳнатро дида баромада, мустақилона дараҷаи самаранокии меҳнатро муайян месозанд. Чунин барномаҳо дар муассисаҳои калонтарини AT&T, IBM ва General foods дида мешаванд.
Дар ин мавқеъ мақсади асосӣ баланд бардоштани дараҷаи мотивация ва қаноатмандии коргарон хоҳад буд.

Модели зебо кардани супориши корӣ. Саҳми асосиро дар мушкилоти зебоии супориши кори тадқиқотчиён Ричард Хэкмен ва Грег Олдхем гузоштанд.
Онҳо концепсияи “редзайни меҳнат”, яъне тағйироти ҷараёни меҳнатро кор карда баромаданд, ки барои баланд бардоштани ҳосилнокии меҳнат ва равнақи таҷрибаи кории коргарон равона карда шудааст.

Асоси модели онҳоро хислати супоришҳои корӣ ташкил мекунад, ки аз панҷ дараҷаи мотиватсионӣ иборат мебошад (Нигаред ба расми 4).

  1. Гуногуншакли супориш миқдори гуногуни супоришҳоро дар бар мегирад, ки барои иҷро пешниҳод шуда, дониш ва ҳаракатҳои навро талаб мекунанд.
    Кори якхелаи конвеер, ки доимо такрор мешавад, гуногуншаклӣ надорад.
  2. Супориши фардӣ дараҷаи “пурра ба анҷом расидан”-и супоришро мефаҳмонад. Масалан, супориши фардии сарошпази тарабхона аз супориши фардии хизматтори буфет хеле баланд мебошад.
пешина
аз 465
навбатӣ