Зеҳн
Менеҷмент. Қисми I

Китоби мазкур асосҳои назариявӣ ва амалии менеҷментро дар бар мегирад. Он ҳамчун маводи таълимӣ барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 465 саҳифа

ИқтисодиётТиҷоратИдоракунӣ
Аз аввал хондан

Дар назарияи илми идоракунӣ як қатор қонуниятҳо ва қонунҳое вуҷуд дорад, ки дар менеҷмент ҳатман бояд риоя шавад. Ин қонуниятҳо ҳам моҳияти назариявӣ ва ҳам моҳияти амалӣ доранд. Мисол барои менеҷмент донистани он, ки қувваи коргар баъди 8 соати корӣ бояд аз нав барқарор шавад ва бояд барои ин истироҳати коргар зарур мебошад, нуқтаи муҳим аст ва ё қонунияти физикӣ вуҷуд дорад, ки баъди 4-5 соати корӣ, коргар бояд хӯрок хӯрад. Иҷро ва риояи чунин қонуниятҳо аз тарафи роҳбар шарт ва зарур мебошад.

Донистан ва риоя кардани қонуниятҳои идоракунӣ дар асоси таҳлили назариявӣ ва таҷрибаи корӣ чунин имконият медиҳад:

  • таҳлили амиқи системаи идоракунӣ гузаронида, имконот муайян карда мешавад;
  • омили вақт ба инобат гирифта мешавад, дар ҳолати беҳтар кардани системаи идоракунӣ;
  • ба инобат гирифтани омилҳои субъективии идоракунӣ;
  • ҷорӣ намудани усули системавии идоракунӣ.

Асосан чор қонунияти менеҷмент ҷудо карда мешавад:

  1. Ягонагии системаи идоракунии истеҳсолот – алоқаи босуботи системаи менеҷмент дар ҳолати таъсири омилҳои беруна буда, дар кори амалии менеҷмент ин қонуният чунин амалӣ мегардад:
  • ягонагии қоидаҳои идоракунӣ барои ҳамаи звеноҳо, дараҷаҳо ва системаҳои идоракунӣ;
  • ягонагии системаи ташкилии идоракунӣ;
  • ягонагии услуби идоракунӣ барои иҷрои проблемаҳои гуногуни идоравӣ;
  • ягонагии системаи идоракунӣ, ки пайдарпайӣ ва мунтазамии корро таъмин месозад.
  1. Мувозинати истеҳсолот ва идоракунӣ – чунин як қонунияте мебошад, ки на фақат барои корхона, балки барои тамоми иқтисоди мамлакат зарур мебошад. Яъне идоракунӣ набояд аз ҳақиқати истеҳсолот дур бошад. Ҳар як системаи идоракунӣ бояд ҳам миқдоран ва ҳам аз ҷиҳати техникӣ имконоти иҷрои вазифаҳои худро дошта бошанд.
пешина
аз 465
навбатӣ