Менеҷмент. Қисми I

Китоби мазкур асосҳои назариявӣ ва амалии менеҷментро дар бар мегирад. Он ҳамчун маводи таълимӣ барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 465 саҳифа
❖ функсионалӣ — меъёрҳои сифати нақша, ташкили системаи менеҷмент, сифати баҳисобгирӣ ва назорат, меъёри ҳавасмандии меҳнат;
❖ таъминкунанда — меъёрҳои ба коргарон таъмин будани ҳамаи сохторҳои таркибии корхона, шароити хуби корӣ барои иҷрои мақсадҳои корхона, меъёрҳои истифодабарии тамоми захираҳои корхона, меъёрҳои таъминкунандаи самаранокии истифодабарии вақт, фондҳо ва дараҷаи автоматикунонӣ.
-
Усули миқдорӣ — омӯзиши нишондиҳандаҳои гузариш аз миқдор ба сифатӣ ва аз сифат ба миқдор бо роҳҳои риёзӣ, оморӣ, ҳисобҳои муҳандисӣ, холдиҳӣ ва монанд ин.
-
Усули маъмурӣ — бо роҳи муайян кардани функцияҳо, вазифа ва ӯҳдадориҳо, меъёрҳои сифатӣ, хароҷот, мӯҳлатгузорӣ, фармон, фармонҳо, инструксия, стандарту дастурамалҳо иҷро карда мешавад.
-
Усули рафтори роҳбарӣ — мақсади чунин як усул барои кӯмак расонидан ба коргарон барои фаҳмидани имконоти худ, қобилият ва ҳунарҳои шахсии ҳар як коргар равона карда шудааст. Ин усул бо роҳи ташкил намудани кружокҳо, курсҳои махсуси илмӣ, ташкили клубҳо ба роҳ монда мешавад. Мақсади ин усул баланд бардоштани самаранокии истеҳсолот аз ҳисоби захираҳои дохилии меҳнатӣ мебошад.
-
Усули ҳолатӣ — вобаста ба ҳолате, ки дар кори менеҷмент пайдо мегардад, бояд ҳамон усул истифода карда шавад. Дар ҷараёни идоракунӣ якчанд омилҳои дохилӣ ва беруна мебошанд, ки таъсири худро мерасонанд, бинобар ин усули ягонаи идораӣ вуҷуд надорад. Хуб мешавад, ки вобаста ба ҳолати пайдошуда, усули мувофиқро истифода намоем.
Қонуниятҳои инкишофи истеҳсолот объективӣ буда, идоракунӣ ҳамчун воситаи истифодаи ин қонунҳо дар ҷараёни фаъолияти кории одамон иштирок менамоянд.
Идоракунӣ як шакли махсуси фаъолияти одамон мебошад, ки дар вақти тақсимоти меҳнат ҷудо карда мешавад. Бинобар ин ғайр аз қонуниятҳои умумии меҳнатӣ, идоракунӣ як қатор қонуниятҳои махсуси худро дорад, ки барои риояи он дониши касбӣ ва маълумот шарт ва зарур мебошад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё