Зеҳн
Менеҷмент. Қисми I

Китоби мазкур асосҳои назариявӣ ва амалии менеҷментро дар бар мегирад. Он ҳамчун маводи таълимӣ барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 465 саҳифа

ТиҷоратИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

Усули интеграсионӣ имконоти ҳамкории байни субъектҳои алоҳидаи менеҷментро пайдо месозад. Яъне ҳамкории системаи ахборӣ дар маркетинг, сифат ва миқдори хароҷот, корҳои тадқиқотию илмӣ, ташкилию технологӣ, истеҳсоли маҳсулот, навоварӣ дар бозорро дар бар мегирад. Инчунин ҳамкорӣ байни субъектҳои алоҳидаи идоракунӣ аз рӯи усули интеграсионӣ имконоти бартарияти рақобати фирмаҳо дар бозор, беҳтар кардани системаи менеҷментро пайдо месозад.

  1. Усули маркетинги — нишонагирии объекти идорагӣ бо мақсади ҳалли масъалаҳои истеъмолӣ. Дар вақти истифодаи ин усул бисёртар ба аломатҳои зерин диққат дода мешавад:
    баланд бардоштани сифати мол, ё хизматрасонӣ вобаста ба талаботи истеъмолкунанда;
    масрафи захираҳо аз ҳисоби баланд бардоштани сифати мол;
    масрафи захираҳо аз ҳисоби истифодаи ҷараёни илмию техникӣ, инчунин системаи нави менеҷмент.

  2. Усули функсионалӣ — талабот ҳамчун кулли функцияҳое қабул карда мешавад, ки бояд иҷро карда шаванд. Баъд аз муайян намудани чунин як объект ҳамон моле интихоб карда мешавад, ки дар мӯҳлати тез бо хароҷоти камтарин истеҳсол карда шавад.

  3. Усули диалектикӣ — объекти идоракунӣ дар асоси таҳлили иқтисодии 5-10 соли охир гирифта шуда, боз барномаи пешгӯӣ тартиб дода мешавад.

  4. Усули такрористеҳсолӣ — чунин як усуле мебошад, ки барои доимо таъмин гардонидани истеҳсоли мол барои бозори мавҷудбудаи корхона бо назардошти хароҷоти камтарин нигаронида шудааст.

  5. Усули пайдарпайӣ — объекти идоракунӣ ҳамчун як ҷараёни пайдарпай муттасил омӯхта шуда, барои бетанаффус иҷро шудани он кӯшиш карда мешавад.

  6. Усули меъёрӣ — ин усул дар ҳамаи системаи идоракунии менеҷмент истифода шуда, меъёрҳои зеринро бояд дошта бошад:
    мақсаднокӣ — нишондиҳандаҳои сифатӣ ва камхарҷии мол, дараҷаи ташкилию техникӣ, инкишофи иҷтимоии коллектив, муҳофизати муҳити зист;

пешина
аз 465
навбатӣ