Зеҳн
Менеҷмент. Қисми I

Китоби мазкур асосҳои назариявӣ ва амалии менеҷментро дар бар мегирад. Он ҳамчун маводи таълимӣ барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 465 саҳифа

ТиҷоратИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

ташкилотчигӣ;

маданӣ ва рафтори этикӣ.

Ду функцияе, ки дар охир номбар карда шуд, ҳамчун звенои пайвасткунандаи функцияҳои дигари менеҷмент ба ҳисоб рафта, барои тадқиқоти методологии фаъолияти идоракунӣ мақоми аввалиндараҷа доранд.

1.5. Қонуниятҳо ва қоидаҳои асосии омӯзиши менеҷмент ҳамчун фанни таълимӣ

Самаранокӣ ва сифати идоракунӣ дар асоси усулҳо, қонуниятҳо ва қоидаҳои методологии ҳалли қарордодҳо муайян мегарданд. Дар асоси тадқиқот аксари олимон 13 усули фаъолияти менеҷментро пешниҳод менамоянд:

  1. Усули системавӣ — объекти идоракунӣ ҳамчун ҷамъи унсурҳои бо ҳам алоқаманд омӯхта шуда, дар асоси қоидаҳои зерин ташкил карда мешавад:
    ҷараёни қабули қарордоди идоракунӣ бояд аз муайян кардани мақсади аниқ сар шавад;
    масоил бояд, ки яклухт омӯхта шуда, ҳамаи паҳлӯҳои он муайян карда шавад;
    коркард ва пешниҳоди варианти алтернативии ҳалли масъала;
    мақсади тамоми система бояд ягона бошанд ва набояд ба моҷарои дигар система мубаддал гардад;
    аз абстракт ба мушаххас гузаштан;
    таҳлили мантиқӣ ва таърихи фаъолият;
    муайян кардани омилҳои муҳити беруна.

  2. Усули комплексӣ — дар вақти истифодаи ин усул дар омӯзиши менеҷмент мо бояд равандҳои техникӣ, экологӣ, иқтисодӣ, ташкилӣ, иҷтимоӣ, психологӣ, инчунин сиёсию демографиро дар алоқамандии якдигар омӯзем.

  3. Усули интегратсионӣ — бо мақсади тадқиқот ва алоқамандии байни:
    унсурҳои системаи менеҷмент;
    даврҳои ҳаётӣ ва объекти идоракунӣ;
    дараҷаи идоракунии бар ва қад.

пешина
аз 465
навбатӣ