Зеҳн
Менеҷмент. Қисми I

Китоби мазкур асосҳои назариявӣ ва амалии менеҷментро дар бар мегирад. Он ҳамчун маводи таълимӣ барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 465 саҳифа

ТиҷоратИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан
  1. Марказонидан ва ғайримарказонии идоракунӣ. Варианти оптималии мувозинати марказонӣ ва ғайримарказонӣ - ин тақсимоти вазифа, функция ва ҳуқуқ додан мебошад. Дараҷаи марказонида шудани идоракунӣ вобаста аз дараҷаи инкишофи истеҳсолот тағир меёбад. Баробари афзоиши истеҳсолот дараҷаи марказонидан кам мешавад.

  2. Таносуби дурусти байни сардор ва идораи корхона, яъне таносуби байни субъект ва объекти корхона аст, ки фактори асосии ин таносуб омили ташкилию иқтисодӣ мебошад.

Вобаста аз инкишофи иқтисодӣ арзиши меҳнати идоравӣ меафзояд. Мураккабшавии ҷараёни истеҳсолот ба он овардааст, ки дар идоракунии корхонаҳо психолог, сотсиолог ва барномасозу мутахассисони соҳаи электроника бояд иштирок намоянд. Чунин як пешравии кори идоракунӣ ин қонунияти инкишофи системаи идоракунӣ ва объекти идоракунӣ мебошад.

Қоидаҳои менеҷмент — гуфта, қонуниятҳоеро меноманд, ки дар доираи он алоқамандии системаи идоракунӣ амалӣ мегардад.

Аз дигар тараф қоидаи менеҷмент гуфта, қоида, меъёрҳои ҳуқуқӣ ва рафториеро меноманд, ки роҳбарон дар фаъолияти кории худ истифода мекунанд.

Қоидаҳои асосии менеҷментро чунин ҷудо кардан мумкин аст:

  • қоидаи илмии идоракунӣ;
  • қоидаи бо ҳам мувофиқ будани идоракунии марказонидашуда ва ғайримарказонидашуда;
  • қоидаи ягонагии роҳбарии сиёсӣ ва хоҷагӣ;
  • қоидаи хоҷагии нақшавӣ;
  • қоидаи ҳавасмандкунии моддӣ ва маънавӣ;
  • қоидаи ҷавобгарии идоракунӣ;
  • қоидаи интихоб ва ҷобаҷогузории кормандон;
  • қоидаи самаранокии иқтисодӣ;
  • қоидаи бо ҳам мувофиқ будани идоракунии соҳавӣ ва территориявӣ;
  • қоидаи бартарияти қарордоди хоҷагӣ.

Қоидаҳои идоракунӣ бояд асосҳои ҳуқуқӣ, меъёрӣ, қонунии худро дошта бошанд ва дар ҳуҷҷатҳои ҳуқуқию меъёрӣ дарҷ гардида бошанд.

пешина
аз 465
навбатӣ