Зеҳн
Менеҷмент. Қисми I

Китоби мазкур асосҳои назариявӣ ва амалии менеҷментро дар бар мегирад. Он ҳамчун маводи таълимӣ барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 465 саҳифа

ТиҷоратИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

тайёр кардани мавод дар бораи корхона;
пешниҳоди маводҳои корхона ба ВАО;
ҷавобҳо ва саволҳои воситаҳои ахбор;
паҳн кардани ахбор оид ба фаъолияти корхона;
ҷамъ кардан ва таҳлили ахбори фаъолияти корхона;
ташкили бонки чопии маълумотҳо доир ба фаъолияти корхона;
таъмин кардани менеҷменти корхона ба материалҳои чопшудаи фирмаи худ ва дигар фирмаҳо;
ташкили мактуб ба редакция оид ба масъалаҳои гуногуни корхона;
ташкили пресс-конфронсияҳо;
ташкил додани фаъолияти корхона аз тарафи ВАО;
тайёр кардан ва гирифтани сабти овоз аз роҳбарони корхонаҳо.
Ташаккули имиҷ ва маъруфияти корхона - яке аз роҳҳои марказии самаранокии коммуникатсия ба ҳисоб меравад.

Маъруфият - мавқеи ширкат, ё худ обрӯи берунаи он меноманд; Имиҷи фирма гуфта ин чеҳраи фирма дар шахсияти одамоне, ки дар он ҷо кор мекунанд, меноманд. Имиҷи корхона дар асоси як қатор чорабиниҳои мақсаднок ба даст дароварда мешавад. Ин чорабиниҳоро мумкин аст, ки ба 2 - гурӯҳи калон ҷудо намоем:

  1. Чорабиниҳо доир ба ташаккули маданияти корхона.
  2. Чорабиниҳои мақсадноки корхона.

Гурӯҳи чорабиниҳои якум ин ба худ ҷиҳоз, услуби фирмавии корхонаро, (услуби идоравӣ, шартномабандӣ) фаро мегирад.

Чорабиниҳои махсус чун муаррифии корхона - пешниҳоди корхона ва шахсиятҳо, маҳсулоти онҳо бо роҳи ташкили чорабиниҳои зерин гузаронида мешавад:

  1. Конференсия.
  2. Вохӯриҳо.
  3. Рӯзҳои дарҳои кушод.
  4. Мизи мудаввар.
  5. Ярмарка ва намоишгоҳ.
  6. Ҷашнҳо ва сӯҳбатҳо.
пешина
аз 465
навбатӣ