Менеҷмент. Қисми I

Китоби мазкур асосҳои назариявӣ ва амалии менеҷментро дар бар мегирад. Он ҳамчун маводи таълимӣ барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 465 саҳифа
Гузаронидани чорабиниҳое, ки бо роҳи «муаррифӣ» гузаронида мешавад, яке аз системаи навини коммуникатсионӣ ба шумор рафта, дар дараҷаҳои маҳал, минтақа, давлати алоҳида ва байни давлатҳо ташкил карда мешаванд. Ин раванд имконоти тезтар ҷорӣ шудани ахборро дошта, имкон медиҳад, ки хоҳиши одамон мавқеи моли корхонаро дар бозор ва қабули онро аз тарафи мизоҷон тез муайян намоем.
Барои расидан ба ин мақсадҳо якчанд талаботи муаррифӣ мавҷуд аст.
❖ мақсади аниқ;
❖ мавзӯи муҳим;
❖ шахсони баромадкунанда, бояд шахсиятҳои арзанда бошанд;
❖ интихоби аудитория;
❖ шакли баромадҳо;
❖ мазмуни баромадҳо;
❖ воситаи таъсиррасонӣ.
Идоракунии ҷараёни муаррифии банақшагирии менеҷмент саривақтии ҳамин 7 талаботи дар боло овардашуда, ҳамоҳангсозии иҷрои мақсадҳо, инчунин таҳлил, хулоса ва пешниҳодҳо мебошанд.
6.6. Саволҳои санҷишӣ
- Коммуникатсия ва шаклҳои онро номбар кунед.
- Давраҳои ҷараёни коммуникатсионӣ кадомҳоянд?
- Шаклҳои шартномаҳои соҳибкорӣ кадоманд?
- Барои хуб ба роҳ мондани коммуникатсия дар корхона чӣ бояд кард?
- Чӣ тавр бояд худ ва корхонаи худро муаррифӣ намуд?
- Дар ҷараёни коммуникатсионӣ ки бояд иштирок кунад?
- Ба таври расмӣ баромад кардан кадом талаботро дорад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё