Менеҷмент. Қисми I

Китоби мазкур асосҳои назариявӣ ва амалии менеҷментро дар бар мегирад. Он ҳамчун маводи таълимӣ барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 465 саҳифа
Менеҷмент дар назди «Паблик рилейшнз» масъалаҳои умумӣ ва аниқе мегузорад, ки давраи муайяни фаъолияти корхонаро дар бар мегирад.
Маркетинг бошад ба «Паблик рилейшнз» равияи моли охир, ё ин ки натиҷаи ниҳоии корхонаро медиҳад, ки ба гирифтани фоидаи калон равона карда шудааст. Алоқа бо ҷамъият нисбат ба маркетинги корхона мақоми хабаррасонро (разведкачиро) мебозад, яъне дар сафи пеш истода фаъолияти маркетингии корхонаро ба он равона месозад.
Объекти асосии алоқа ба ҷамъият - муҳити иҷтимоию сиёсӣ, иҷтимоию иқтисодӣ, муносибати аҳолӣ, муҳити психологӣ, истеъмолкунандагон, ташкилоти ҷамъиятӣ, воситаҳои ахбори умум, ташкилоти давлатӣ ва ҳокимияти маҳал мебошанд.
Воситаҳои ахбори умум (ВАУ) - ҳамчун восита ва объекти алоқаи менеҷменти корхона ба ҷамъият мебошад. Бинобар ин яке аз роҳи самараноки беҳтар кардани самаранокии коммуникатсия ин истифода аз ВАУ мебошад.
Барои ба ин мақсад расидан аз намудҳои зерини ВАУ истифода мебаранд.
-
Пресса - газета ва маҷаллаҳо - ин шакли оммавии ахбор ба ҳисоб рафта, аз ҳама тараққикарда мебошад. Имрӯз давлате нест, ки зиёда аз 500-600 намуди газетаву журнал надошта бошад.
-
Агентҳои ахборӣ - сарчашмаи ҳама намуди ахбор буда, қариб дар ҳама давлатҳо ва минтақаҳо ин агентҳои ахборӣ кор мекунанд, ки баъзеи онҳо махсус барои муомила ба ҷамъият ташкил карда шудаанд.
-
Телевизион ва радио - аз ҳама шакли фаъоли таъсиррасонандаи ахборӣ ба ҳисоб рафта, қариб тамоми корхонаҳо бо радио ва телевизион ҳамкорӣ дошта, аз он самаранок истифода мебаранд, чунки шунавандагони радио ва телевизион миллионҳо нафар одамон мебошанд.
-
Журналистика ва адабиётҳо - яке аз роҳҳои муҳими алоқа бо ҷамъият буда, дар дастрасии проблемаҳои инкишофи менеҷмент солҳои охир мақоми калон бозида истодааст.
Усулҳои асосие, ки ВАУ дар фаъолияти коммуникатсионии худ истифода мекунанд, инҳо мебошанд:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё