Зеҳн
Менеҷмент. Қисми I

Китоби мазкур асосҳои назариявӣ ва амалии менеҷментро дар бар мегирад. Он ҳамчун маводи таълимӣ барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 465 саҳифа

ТиҷоратИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

ахборро умуман чӣ хел фаҳмиданд.

Ташкили системаи гирд овардани таклифҳо: барои ба ин мақсад расидан дар аксари корхонаҳо телефони боварӣ монда мешавад ва фикру ақидаатонро метавонед ба он нависед. Ё ин ки мондани қуттиҳои махсус, ки ҳар як коргар фикру ақида, проблема ва пешниҳодашро менависад. Дар баъзе корхонаҳо бо роҳи ташкили ҷамъомадҳои махсуси масъалавӣ ин фаъолият ташкил карда мешавад;

Ташкили варақаи овоздиҳӣ, ё худ чоп кардани ахбор. Ташкилоти калон, ҳар моҳ маҷаллаи махсуси худро мебароранд, ки дар он ахбори фаъолияти коргарони корхона нашр мегарданд. Дар чунин маҷаллаҳо, мақолаҳо оид ба шаклҳои нави хизматрасонӣ, намудҳои моли алоҳида, ҷавоби роҳбар барои саволҳои алоҳидаи коргарон чоп мерасанд. Инчунин дар баъзе корхонаҳо материалҳои чопӣ, ё худ ахборҳо дар шакли наворҳо ва киносюжетҳо амалӣ мегардад, ки барои аксари коргарон дастрас мебошанд;

Технологияи замонавии ахборӣ. Дастовардҳои охирини технологияи ахборӣ имкон медиҳад, ки раванди коммуникатсионии корхона хеле самаранок ба роҳ монда шаванд. Сар карда аз компютер то почтаи электронӣ ва системаҳои мураккаби барномавии ахборӣ таъсири калони худро доир ба суръати доду гирифти ахбор, сифати он, хароҷотҳои он гузоштааст.

Яке аз роҳҳое, ки ҳоло аксари корхонаҳои пешқадами дунё кор гирифтаанд, ин «Паблик рилейшнз», ё худ «Алоқа бо ҷамъият» ном дорад, ки асосан дар инкишофи менеҷмент ва маркетинги корхона мақоми хеле хуб дорад.

пешина
аз 465
навбатӣ