Менеҷмент. Қисми I

Китоби мазкур асосҳои назариявӣ ва амалии менеҷментро дар бар мегирад. Он ҳамчун маводи таълимӣ барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 465 саҳифа
- Батанзимдарории ахбори корхона. Роҳбари корхона бояд, ки тарафҳои миқдорӣ ва сифатии системаи ахбории худро, инчунин дигар истифодабарандагони ахборро донад.
Талаботи ахборӣ дар корхона ба фаъолияти менеҷмент вобастагии калон дорад. Вобаста ба мақсадҳои менеҷмент, стратегия ва тактикаи кории менеҷмент, усули ташкили системаи ахборӣ ва маҳорати касбии менеҷменти корхона, миқдори ахбор, суръати ахбор ва мубодилаи он сурат мегирад. Дар шароите, ки сохтори ташкилӣ-идоракунӣ дуруст ба роҳ монда шудааст, тамоми ахбори корхона зери назорат буда, самаранок истифода карда мешаванд. Дар ҳолати дигар миқдори зиёди ахборҳои дуюм ва сеюмдараҷа ҷамъ шуда, истифодаи он хеле мушкил мешавад. Ҳалли ин масъала дар асоси ташкили системавии ахбори марказонидашуда, таъмин кардан мумкин мебошад.
-
Фаъолияти идоракунӣ. Банақшагирии корхона, барномасозӣ. Амалигардонӣ ва назорати фаъолияти корхона яке аз роҳҳои беҳтар кардани мубодилаи ахбории корхона мегардад. Муҳокимаи супоришҳо, иҷроиши вазифаҳои нақшавӣ, ҳисоботҳо, назорати нақшавӣ ва графикии иҷроиши кор аз ҷумлаи фаъолиятҳое мебошад, ки менеҷменти корхона системаи коммуникатсияиро инкишоф дода, иловаҳо дохил менамояд.
-
Системаи мубодилаи баръакс — ин қисми таркибии ахбори назоратӣ-идоракунии мебошад. Ҳар як роҳбар барои ташкили самараноки мубодилаи баръакси коммуникатсияи роҳҳои гуногунро интихоб менамояд. Мисол:
- як гурӯҳи роҳбарон мутахассисонро аз як шӯъба ба шӯъбаи дигар, ё ин ки аз як сохтори таркибӣ ба дигар қисмати корхона мегузаронад, бо мақсади гирифтани ахбори баръакс аз ҷойҳо;
- як гурӯҳи роҳбарон бо роҳи пур кардани анкетаҳо аз тарафи коргарон, гузаронидани пурсишҳои сотсиологӣ ва дигар роҳҳо ин фаъолиятро ташкил мекунанд.
Дар вақти мубодилаи баръакси ахбор, як шакли ахбори нави зеринро менеҷменти корхона мегирад, ки барои кори ояндаи ӯ зарур мебошад:
- Маълум будан, ё худ фаҳмидани мақсади корхона:
- масоили аниқе, ки коргарон доранд;
- пешниҳодҳо;

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё