Менеҷмент. Қисми I

Китоби мазкур асосҳои назариявӣ ва амалии менеҷментро дар бар мегирад. Он ҳамчун маводи таълимӣ барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 465 саҳифа
Расми 2 Монеаҳои коммуникатсионӣ ва роҳҳои бартараф намудани он.
Монеаҳо | Роҳи бартарафкунии он Дараҷаи инфиродӣ 1. Монеаи байни одамон | 1. Фаъолияти пешқадамона 2. Воситаҳо ва бахшҳои баррандаи ахбор | 2. Интихоби бахши мувофиқ 3. Мазмун | 3. Донистани нигоҳи ҳамсӯҳбат 4. Мувофиқ наомадани маълумотҳои ахборӣ | 4. Идоракуние, ки бо халқ наздик мебошад.
Дараҷаи ташкилотӣ 1. Фарқият дар дараҷа ва вазифа | 1. Муҳити боварӣ 2. Талабот ва мақсадҳои шӯъбаҳо | 2. Инкишоф ва истифодаи бахшҳои расмӣ.
3. Номувофиқ будани шабакаи коммуникатсионӣ ва вазифаҳои корӣ | 3. Тағйир додани сохтори ташкилии шӯъба, ё корхона 4. Норасогии бахшҳои расмӣ | 4. Ҳавасмандкунии истифодабарии бахшҳои расмӣ ва ғайрирасмӣ.
Чӣ хеле ки аз нишондиҳандаҳои ҷадвал маълум мегардад, ҳамаи он монеаҳоеро, ки дар ташкили коммуникатсияи корхона ба вуҷуд меояд, бо воситаи ташкили хуби кори менеҷменти корхона ба роҳ мондан мумкин аст.
6.5. Менеҷмент ва беҳтар кардани фаъолияти коммуникатсионӣ
Маълум гашт, ки самаранокии фаъолияти менеҷмент аз ташкили дурусти коммуникатсионӣ дар корхона вобастагии калон дорад. Бинобар ин менеҷменти корхона доимо бо мақсади беҳтар кардани он чораҳо меандешад.
Асосан роҳҳои асосии беҳтар кардани фаъолияти коммуникатсионӣ инҳо мебошанд:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё