Зеҳн
Менеҷмент. Қисми I

Китоби мазкур асосҳои назариявӣ ва амалии менеҷментро дар бар мегирад. Он ҳамчун маводи таълимӣ барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 465 саҳифа

ТиҷоратИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

мардум ва коргароне, ки дар корхонаи шумо кор мекунад, инчунин баръакс роҳбарон метавонанд, ки ақида, тактика ва стратегияи корхонаро озодона ба коргарони худ расонанд. Чунин як мубодилаи озоди ахбор имкон медиҳад, ки корхона аз ҳама гуна овозаҳо ва дурӯғҳо эмин монад;

коммуникатсияи командӣ, ё худ гурӯҳӣ - ташкили кори командӣ барои менеҷменти корхона мақоми хоса дорад. Аъзоёни команда ҳама якҷоя барои иҷрои як вазифа ё мақсад кор мекунанд. Дар вақти ташкили кори командӣ, ё худ гурӯҳи системаи ахборие амал мекунанд, ки дар як хат пайваст карда шудааст ва иҷрои вазифаҳо аз ахбори якдигари вобаста мебошад, ин гуна системаро системаи марказонидашуда меноманд.

Дар ҳолати системаи ғайримарказонидашуда ҳар як аъзои команда мустақилона дар компютери худ кор карда, ахборро коркард мекунанд ва қарори бо якдигар мувофиқкунонидашуда қабул менамоянд. Дар шароити имрӯза қариб аксари корхонаҳои калонтарини байналхалқӣ ва инчунин корхонаҳои давлатҳои пешқадам шакли марказонидашудаи системаи ахбориро истифода мекунанд, ки хеле қулай ва самаранок мебошад. Чунки дар чунин як системаи ахбор дар хати пайвасти худи роҳбарон низ кор мекунад ва ҳамаи ахборро доранд. Худашон қарор қабул менамоянд. Коргарони табақаи поёнӣ вақти худро зиёдатӣ сарф намекунанд.

Яке аз шакли ташкили ҷараёни коммуникатсионӣ ин ташкили коммуникатсияи озод мебошад. Аксари компанияи калон маълумотҳои молиявии худро барои коргаронашон кушода мемонанд, то ин ки ҳамаи коргарон фаҳманд, ки барои чӣ фирма дар ҳамин дараҷа кор карда истодааст ва чӣ бояд кард, ки хуб кор кунад.

Монеаҳое, ки садди роҳи коммуникатсия мешаванд. Тамоми монеаҳоро ба 2 гурӯҳ ҷудо мекунанд:

дараҷаи инфиродӣ;

дараҷаи ташкилотӣ.

Ҳар яке аз ин монеаҳо боз ба қисмҳои алоҳида ҷудо мекунанд (Нигаред ба расми 2).

пешина
аз 465
навбатӣ