Менеҷмент. Қисми I

Китоби мазкур асосҳои назариявӣ ва амалии менеҷментро дар бар мегирад. Он ҳамчун маводи таълимӣ барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 465 саҳифа
Мисол аксари роҳбарони калон дар як сол як маротиба маҷлиси кушоди коллектив, дар шаш моҳ як маротиба ва дар рӯзҳои махсуси ид сӯҳбатҳо ороста ахбори ғайримуқаррариро мегиранд.
- Коммуникатсияи уфуқӣ. Ин шакли коммуникатсияе мебошад, ки мубодилаи байни ҳамкорон бо кор, дохили шӯъбаҳои алоҳида ё худ байни сохторҳои таркибие, ки ҳуқуқу дараҷаи якхела доранд, таъмин мекунад.
Мақсади коммуникатсияи уфуқӣ ин пеш аз ҳама кӯмаки амалӣ расонидан ба якдигар дар фаъолиятҳои корӣ ва ҳамоҳангсозии фаъолиятҳо мебошад.
Коммуникатсияи уфуқӣ ба 3 категория ҷудо карда мешавад:
ҳалли проблемаҳо дар дохили шӯъба - асосан ин хел мубодилаҳо барои кӯмаки якдигарии байни коргарон дида мешавад, ё ин ки коргари нав, ки баъзе масъалаҳоро сарфаҳм намемеравад ва хоҳиш мекунад, ки фаҳмонда диҳанд;
ҳамоҳангсозии фаъолияти шӯъбаҳо - ахборе, ки қариб аксари шӯъбаҳо барои иҷрои як мақсад ё вазифа равона мекунанд. Ҳолатҳое мешавад, ки кори як шӯъба аз шӯъбаи дигар вобастагӣ дорад. Бинобар ин шӯъбаҳо бояд, ки дар ҳамоҳангсозии фаъолият кори худро ба роҳ монанд;
консултатсияи шӯъбаҳои якхатта - яъне мутахассисони шӯъбаи молия, ки бо компютер сару кор доранд, метавонанд, ки шӯъбаи баҳисобгирии бухгалтериро дар вақти сохтани ҳисобот, ё худ истифодаи барномаҳои компютерӣ кӯмак расонанд;
бахшҳои ғайрирасмии коммуникатсионӣ - ин бахшҳо новобаста ба сохтори ташкили корхона ва ташкилот сурат мегирад. Аксари маврид роҳбарияти корхона барои ахбори пурра пайдо кардан, ё ин ки мубодилаи ахбори шӯъбаҳои ахбор бо баҳонаи шабнишиниҳо, сайрҳои баҳорӣ, ё худ чорабиниҳое ташкил мекунад, ки мутахассисон дар шароити ғайрирасмӣ бо якдигар сӯҳбат карда тавонанд. Ҳолати дигари коммуникатсияи ғайрирасмӣ ин ташкили мубодилаи ахбор бо мардум, аҳолӣ ва шахсоне, ки дар дигар ташкилоту корхонаҳо кор мекунанд.
Чунин шакли коммуникатсияро ҳамаи табақаҳои роҳбарӣ истифода мекунанд. Омӯзиши таҷрибаи дигарон, ягон фикру ақидаи нав, хоҳиши

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё