Менеҷмент. Қисми I

Китоби мазкур асосҳои назариявӣ ва амалии менеҷментро дар бар мегирад. Он ҳамчун маводи таълимӣ барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 465 саҳифа
- Ташкили коммуникатсия аз поён ба боло. Ин ахборе мебошад, ки табақаи поёнии идоракунӣ ва коргарон ба боло медиҳанд. Оиди иҷрои вазифаҳо, кор, хизматҳо ва ақидаҳои нав ва тағйиротҳо звенаи поёнӣ ба звенаи болоӣ муроҷиат менамояд. Инчунин коргарон оиди фикру ақидаҳои худ, дархост ва таклифҳо, норозигиҳои худ, ахбор менависанд. Ба ҳуҷҷатҳои аз поён ба боло пешниҳод мешавад, чор шакли ҳуҷҷатҳо дохил мешаванд:
масоил ва саволҳо - ахборе, ки роҳбариятро аз проблема ва саволҳои
коргарон, фикру ақидаи онҳо хабардор мекунад. Мисол: «дар ду
синфхона 20-дона парта намерасад, маълум нест, ки партаи навро кай
харида меоранд»;
пешниҳодҳо доир ба беҳтаршавии кор - таклифҳои нав оид ба
баландбардории ҳосилнокӣ ва сифати меҳнат. Мисол: «Ман гумон
мекунам, ки пайвастани факулта бо хатти интернет ба кори устодон
хеле кӯмак мерасонад»;
ҳисобот оид ба натиҷаи фаъолият - роҳбарони болоии корхонаҳо дар
ҳар як давраи муайян аз сардорони шӯъбаҳои алоҳида, менеҷерон
ҳисоботҳои корӣ мегиранд;
ҳар гуна норозӣгӣ ва баҳсҳо - баҳсҳо ва норозигиҳо дар байни
табақаҳои поёнии идоракунӣ бояд аз тарафи табақаи болоӣ ҳаллу фасл
гарданд. Мисол: Садорати факулта ба ректори Донишгоҳ менависад, ки
новобаста ба огоҳиҳои якчандқарата аз фанни «Назарияи иқтисод» аз
тарафи устодони кафедраи назарияи иқтисод дарсшиканӣ мушоҳида
шудааст, ки теъдоди он ҳоло ба миқдори 38 соат мерасад;
ахбори молиявӣ ва бухгалтерӣ - тамоми ахборҳо оиди фаъолияти молиявии корхона ва баҳисобгирии бухгалтерӣ, ки роҳбари корхона талаб дорад.
Ҳамин тариқ, менеҷменти корхона ҳавасманд мебошад, ки ҷараёни коммуникатсионӣ дар корхона бе монеаи самаранок истифода карда шавад.
Бинобар тамоми чораҳоро оиди мубодилаи рӯирости ахбор мебинад. Сандуқи махсус барои норозӣгӣ ва мубоҳисаҳо, таклифот ва пешниҳодҳо, сиёсати дарҳои кушода, интихоби шаклҳои беҳтарини системаи ахбориро интихоб менамоянд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё