Зеҳн
Менеҷмент. Қисми I

Китоби мазкур асосҳои назариявӣ ва амалии менеҷментро дар бар мегирад. Он ҳамчун маводи таълимӣ барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 465 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиётТиҷорат
Аз аввал хондан

робитаи мутақобил дар фаъолияти корхона. Дар ахборҳо нишон дода мешаванд, ки то чӣ андоза коргарон аъзоёни шуъба хуб, ё бад кор кардаанд. Ё ки то чӣ андоза шуъба аз иҷрои вазифаҳои худ мебароянд;
қабул кунонидани ақидаи нав. Ахборете, ки коргаронро барои қабули ақида, миссия ва мақсади нави корхона ҳавасманд мегардонад.
Яке аз масъалаҳои муҳими ҷараёни коммуникатсионии дохилшаванда инҳо мебошанд:

  1. Паҳн шудан ва нобуд шудани ахбор дар роҳ, яъне то ба иҷрокунанда нарасидани он.
  2. Тағйир ёфтани мазмуни он дар вақти аз як даст ба дигар даст гузаштан. Ҳатто дар вақти коммуникатсияи расмии даҳонӣ аз як шахс гузаштан ахбор 25% мақсадашро гум мекунад. Тасаввур кунед, ки агар дар роҳ 3 шахс бошад, он гоҳ ахбор 75% мазмуни худро гум карда, ба мақсад мувофиқ намешавад. Мисоли зарари чунин ахборро дар вақти фармони ҳарбиён хеле хуб мушоҳида кардан мумкин аст. Репортер дар вақти тафтишотӣ «Фаъолияти қисми ҳарбии ШМА дар соли 1967 оид ба нобуд кардани қишлоқҳои Ветнами Ҷанубӣ» менависад.
    Тафтишот маълум кард, ки аз штаби дивизия чунин фармон шудааст:
  3. «Дар ягон ҳолат қишлоқҳоро нобуд насозед».
  4. Аз бригада ба баталон ин фармонро чунин расониданд: «Қишлоқҳоро нобуд насозед, бо он шарте, ки шумо мутлақо боварӣ доред, ки дар он ҷой ветнамиҳо ҳаст».
  5. Рота аз штаби баталон чунин фармон мегирад: «Агар шумо боварӣ доред, ки дар он ҷо ветнамиҳо ҳаст, қишлоқҳоро нобуд созед».
  6. Командирони взводҳо аз командири рота фармонро аниқ чунин гирифтанд: «Қишлоқҳоро сӯзонед».

Чунин ҳолатҳо дар таҷрибаи кори менеҷменти корхона хеле зиёд мебошанд. Дар урфияти мардуми тоҷик мегӯянд, ки «Ба ҷои салла каларо меоранд». Албатта кори менеҷмент ҳамон вақт самаранок мегардад, ки ҳамин хел камбудиҳо ҷой надошта бошад. Бинобар ин ташкили коммуникатсияи самаранок бояд, ки воқеӣ бошад.

пешина
аз 465
навбатӣ