Зеҳн
Менеҷмент. Қисми I

Китоби мазкур асосҳои назариявӣ ва амалии менеҷментро дар бар мегирад. Он ҳамчун маводи таълимӣ барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 465 саҳифа

ТиҷоратИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

Коммуникатсия «аз боло ба поён» мумкин аст, дар шакли баромадҳо, ахбор дар воситаҳои корпоративии ахборӣ, дар почтаҳои электронӣ, формаҳои бухгалтерӣ, шартномаҳо, ахборҳо дар тахтаи эълонҳо. Инчунин дар низомнома ва дастурамалҳое ба мо мерасад.

Таҷрибаи кори корхонаҳо нишон медиҳад, ки ахборро ба чанд гурӯҳи одамони ихтисосу вазифаҳои гуногун тақсим кардан лозим меояд. Барои самаранок ташкили раванди коммуникатсионӣ мо бояд интихоби дурусти бахши ахборро дошта бошем.

Ба ақидаи олимон, ҳар як шахс вобаста аз вазифа ва хусусияти корӣ мехоҳад, ки ахборро аз бахши бо худ мувофиқ ва шинос қабул намояд. Мисол, барои шахсе, ки бо компютер сарукор дорад, хубаш ахборро дар компютер, барои котибот мубодилаи ахбор дар гуфтушунид, ё семинарҳо барои муҳандисон, хубаш дар тахтаи эълонҳо ва амсоли инҳо.

Асосан коммуникатсияи аз боло ба поён як қатор мавзӯҳои зеринро дар бар мегирад:

ҷорӣ кардани мақсад ва стратегияи корхона. Менеҷмент барои фаҳмонда додани мақсад ва вазифаҳои корхона як қатор ахборотро пешниҳод мекунад, ки дар асоси онҳо табақаи поёнӣ фаъолияти худро мутобиқ мегардонанд;

дастурамал ва фармонҳои вазифадорӣ. Ин ҳуҷҷатҳои роҳнамоие мебошанд, ки ҳуқуқу вазифаҳои роҳбаронро вобаста аз вазифаи ишғолкардааш фаҳмонда, фаъолияти ӯро бо дигар сохторҳои таркибии корхона ба танзим медарорад. Мисол, шӯъбаи таъминотӣ бояд, ки захираи лозимиро барои иҷрои кор дар сари вақт таъмин намояд. Ё ки шӯъбаи хоҷагии Донишгоҳ то саршавии соли хониш бояд тамоми синфхонаҳоро бо партаю стул таъмин намояд, то ки ҷараёни таълим таъмин гардад;

тартибот ва қоидаҳои гуногуни корхонаҳо. Дар чунин ахбор маълумот оид ба тартиботи дохилаи корхона ва қоидаҳои ҳавасмандкунии коргарон нишон дода мешавад. Мисол, шумо агар 5 сол дар корхона кор кунед, ҳуқуқи саҳҳомдори корхона шуданро доред. Ё ки шумо баъди он ки рисолаи номзадӣ ҳимоя мекунед, ҳуқуқи дотсенти кафедраи донишгоҳ шуданро доред;

пешина
аз 465
навбатӣ