Зеҳн
Менеҷмент. Қисми I

Китоби мазкур асосҳои назариявӣ ва амалии менеҷментро дар бар мегирад. Он ҳамчун маводи таълимӣ барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 465 саҳифа

ИқтисодиётТиҷоратИдоракунӣ
Аз аввал хондан

гирифтани ахбор оид ба масъалаҳои мавҷуда ва роҳҳои ҳалли онҳо;
хабар додан ба табақаи поёнӣ оид ба тағйиротҳо.
гирифтани ахбор оид ба фикру ақидаи нав барои беҳтар кардани кор;
дигар таклифу пешниҳодҳо.

Гурӯҳи панҷуми коммуникатсия ин коммуникатсияи байни роҳбар ва гурӯҳи корӣ. Ғайр аз мубодилаи ахбории байни роҳбар ва итоаткунандагон, инчунин мубодилаи роҳбар бо гурӯҳи корӣ вуҷуд дорад, ки имконият медиҳад то ки ахбори пурра ва аз наздик роҳбар ба гурӯҳҳои корӣ шиносӣ пайдо намояд. Дар навбати худ, ки ҳамаи аъзоёни гурӯҳ дар вохӯрӣ иштирок мекунанд, метавонанд озодона фикру ақидаи худро оид ба беҳтар кардани кор гуфта гузаранд. Ҳолатҳое низ мешаванд, ки гурӯҳҳои корӣ худашон бе роҳбарон ҷамъ шуда, оид ба навоварӣ ва ихтироотҳо ва чорабиниҳои пешравии кори корхона кӯмак мерасонанд.

Гурӯҳи шашуми коммуникатсия - ин коммуникатсияи ғайрирасмӣ мебошад, ки ҳамчун бахши ғайрирасмӣ амал мекунад, аксари вақт инро бахши овозаҳо низ меноманд.

Сарчашмаи овозаҳо ин чойхонаҳо, бозорҳо, ошхона ва умуман ҷойҳое мебошанд, ки одамони бисёре ҷамъ мешаванд. Ахбор, ё худ овозаҳо бо бахши ғайрирасмӣ тез паҳн мешавад, нисбат ба бахши расмӣ, бинобар ин роҳбарон аксари маврид таъкид менамоянд, ки «ин ахбор дар байни ҳардуи мо монад», ё ин ки «ин гап дар ҳамин ҷо монад» ё ин ки «ман фақат ба шумо мегӯям»-ро истифода мебаранд.

Тадқиқот нишон медиҳанд, ки овозаҳое, ки аз тарафи бахши ғайрирасмӣ паҳн мешаванд, аксар мавридҳо дуруст мебароянд. Олими америкоии Дэвис менависад, ки қариб 80-99% овозаҳое, ки дар бораи корхонаҳо ва ташкилот мебошанд дуруст мебошанд, вале овозаҳо доир ба шахсиятҳои алоҳида, ё худ муносибатҳои шахсӣ, инчунин ахбори эҳсосоти аксари маврид дурӯғ мебошанд. Аммо таҷриба нишон медиҳад, ки аксар маврид роҳбарон доир ба овозаҳои ғайрирасмӣ нисбат ба шахсони алоҳида диққат дода, онҳоро дуруст ҳисоб мекунанд. Чунин як рафтори роҳбар ба самаранокии кори ӯ халал расонида, дар гирду атрофаш хабаркашҳо ва шахсони дурӯғгӯй пайдо мегардад.

пешина
аз 465
навбатӣ