Менеҷмент. Қисми I

Китоби мазкур асосҳои назариявӣ ва амалии менеҷментро дар бар мегирад. Он ҳамчун маводи таълимӣ барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 465 саҳифа
6.2. Унсурҳо ва давраҳои раванди коммуникатсионӣ
Дар қисмати аввали ин боб мо дар бораи гурӯҳбандии коммуникатсия, доираи амалии он ва омилҳое, ки ба ҷараёни коммуникатсионӣ халал мерасонанд, гуфта гузашта будем ва маълум гашт, ки коммуникатсия тамоми ҷараёни фаъолияти менеҷменти корхонаро дар бар мегирад. Аммо қариб ҳар як роҳбар медонад, ки ҷараёни коммуникатсионӣ на ҳамавақт самараноқ мебошад, яъне худи раванди коммуникатсионӣ, ки ин мубодилаи ахбор мебошад, пурра иҷро намегардад. Дар кадом давра кадом унсури раванди коммуникатсионӣ дуруст коркард намешавад ва дар натиҷаи иҷрои вазифа дар ними роҳ мемонад, ё ин ки умуман иҷро намешавад. Аз ин нуқтаи назар баъзе унсурҳое вуҷуд доранд, ки мо бояд онҳоро донем. Мисол қариб 85% роҳбарон ҳисоб мекунанд, ки коргарони онҳо дар вақти сӯҳбат худро озод ҳис мекунанд, аммо тадқиқот исбот мекунанд, ки дар корхонае, ки роҳбари хуби услуби демократӣ дошта, ҳамагӣ 45-50% коргарон худро озод ҳис мекунанд. Ё ин ки аксари маврид роҳбарон супоришҳоеро талаб мекунад, ки иҷрокунанда хабар надорад, маълум мегардад, ки аз 100 хабар 65-70% коргарон хабардоранду халос.
Бинобар ин фикру ақидаи роҳбарони болоӣ аз поёнӣ доимо фарқ мекунад. Масалан, органҳои болоии корхонаҳо фикр мекунанд, ки 90-99% ахбор ба роҳбарони поёнӣ расонида мешавад, аммо роҳбарони миёна мегӯянд, ки ҳамагӣ 60-70% ва роҳбарони табақаи поёнӣ бошад дар чунин ақидаанд, ки ҳамагӣ то 50% ахбор расонида мешаваду халос.
Дигар муаммоҳое вуҷуд доранд, ки ахбор нодуруст фаҳмонда мешавад, ё худаш нофаҳмо мебошад, бинобар ин чунин ахбор, ё ҷавоби нодуруст умуман иҷро карда намешавад. Джон Майне олими намоёни амрикоӣ доир ба бахши идоракунӣ менависад, ки ба ҳисоби миёна 50% мубодилаи ахбор ҳарду тарафро қаноатманд мекунад ва қабул карда мешаванд. Сабаби инро пеш аз ҳама дар он мебинанд, ки мо аксари маврид фаромӯш мекунем, ки коммуникатсия ин мубодилаи ахбор мебошад. Бинобар ин дар вақти мубодила ҳарду тараф низ мақоми хоса мебошад. Мисол агар шумо ба яке аз коргари худ фаҳмонда доед, ки корро чӣ бояд иҷро кунад, ин фақат аввали ҷараёни коммуникатсия мебошад. Бо мақсади пурра гаштани ҷараёни коммуникатсионӣ коргар, ё худ итоатгари

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё