Менеҷмент. Қисми I

Китоби мазкур асосҳои назариявӣ ва амалии менеҷментро дар бар мегирад. Он ҳамчун маводи таълимӣ барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 465 саҳифа
мактубҳои корӣ, фармоишҳо ва супоришҳо, гузаронидани ҷаласа ва гуфтушунидҳои рӯбарӯ, рӯирост ва телефонӣ, инчунин дигар намуди вазифагузориҳо иҷро карда мешавад. Доир ба ҷорӣ намудани навигариҳо ва ихтироотҳо гурӯҳҳои махсус, ё худ кружкҳои махсуси навоварӣ, инчунин семинар ва мизи мудавварро ташкил намуда, ин масъалаҳо ҳаллу фасл мегарданд.
Гурӯҳи сеюми коммуникатсия, ки дар корхона амал мекунад, ин коммуникатсия байни сохторҳои таркибии истеҳсолӣ ва гурӯҳҳои алоҳидаи корӣ дар корхона мебошад. Дар корхонае, ки аз якчанд шуъбаҳо ва қисматҳои истеҳсолӣ иборат мебошанд, бояд коммуникатсияи амудӣ хеле хуб ба роҳ монда шавад. Зарурияти ҳамоҳангсозии фаъолият ва иҷрои вазифа ин зарурияти коммуникатсиониро дар корхона ба вуҷуд меорад. Мисол: дар Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон, ки иборат аз 14 факултет ва 9 кафедраи умумидонишгоҳӣ мебошад, доимо ҳамоҳангсозии фаъолият бояд оид ба ҷараёни таълим, ҷадвали дарсҳо, истифодаи аудиторияҳо, тақсимоти устодон бошад. Дар маҷмӯъ ин самаранокии кори Донишгоҳ мебошад. Аз тарафи дигар коммуникатсия аз рӯи ҳаракати уфуқӣ ин дараҷаи вазифаҳоро дар корхона муайян мекунад. Яъне кадом роҳбари вазифадори як сохтори таркибӣ бо кадом роҳбари вазифадори сохтори таркибии дигар баробарҳуқуқ мебошанд. Мисол деканон ҳамаи факултетҳо дар як қатор, мудирҳои кафедра дар як қатор, мудирони шуъбаҳо дар як қатор фаъолият мебаранд.
Гурӯҳи чоруми коммуникатсия ин коммуникатсияи роҳбару итоаткунанда. Яке аз унсурҳои муҳими коммуникатсияи корхона ин коммуникатсияи роҳбару итоаткунанда ба шумори рафта, самаранокии кори корхона ва обрӯю эътибори корхона ва роҳбар аз он вобаста аст, ки то чӣ андоза ин мубодила хуб ба роҳ монда шудааст ва чӣ тавр сурат мегирад. Асосан ҷараёни коммуникатсионии байни роҳбар ва итоаткунанда дар корхона дар мавзӯҳои зайл сурат мегиранд:
вазифагузорӣ ва фаҳмондиҳии додани он;
натиҷагирӣ ва равандҳои асосии он;
таъмин намудани иштироки фаъолонаи коргарон ба кор;
таъмини захираҳои истеҳсолӣ;
баинобандгирӣ ва ҳавасмандкунии меҳнат;

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё