Зеҳн
Менеҷмент. Қисми I

Китоби мазкур асосҳои назариявӣ ва амалии менеҷментро дар бар мегирад. Он ҳамчун маводи таълимӣ барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 465 саҳифа

ИқтисодиётТиҷоратИдоракунӣ
Аз аввал хондан

Асосан коммуникатсия аз табақаи болоӣ ба табақаи поёнии идоракунӣ сурат мегирад. Бо воситаи ин шакли коммуникатсияи органи болой ба поёнӣ оиди вазифаҳо, роҳҳои иҷрои кор, вақти он ва ғайра ахбор мефиристанад.

Мисол: Ректори Донишгоҳ дар бораи тағйирот дар ҷараёни таълим ба декани факулта хабар мерасонад. Декани факулта дар навбати худ, бояд ба устодони факулта ин хабарро расонад. Ҳолати дигари мубодилаи ахбор дар корхонаҳо доир мегардад, ки характери баръакс аз поён ба болоро дорад.
Мисол: Устоди Донишгоҳ ҳимояи рисораи докторӣ дорад ва аз декани факулта хоҳиш мекунад, ки ӯро бо муддати як моҳ аз дарсҳо озод намоянд. Декани факулта ин ахборро қабул мекунад ва ба ректори Донишгоҳ пешниҳод менависад, чунки барои беҳтар шудани сифати дарс ва имиҷи факултет устодони унвони илмӣ дошта, зарур мебошад ва аз ректор хоҳиш мекунад, ки дастгирӣ карда шавад. Додани ахбор ва қабули он аз поён ба боло барои кори самараноки коллектив, баландбардории ҳосилнокии меҳнат таъсири мусбат мерасонад.

Аммо дар навбати худ самаранокии коммуникатсионӣ аз он вобаста аст, ки мубодилаи ахбор чӣ тавр сурат мегирад. Мисол: Ҳангоме, ки агар муҳандиси корхона ба назди сардор даромада ба овози баланд мегӯяд, ки «хоҳед нахоҳед ин таклифро қабул кунед, ин ба фоидаи кор аст», мумкин роҳбари корхона қабул накунад, гарчанде ки таклиф хеле ҳам таклифи хуб буд. Аммо дар ин ҷо тарзи пешниҳоди ахбор хеле дағалона буд, ки ба самаранокии он халал расонид.
Роҳи дигар, ин ки муҳандиси корхона ақида, ё худ ихтирооти худро дар шакли хаттӣ ва ҳисобҳои иқтисодӣ пешниҳод намуда, нишон медод, ки дар ҳақиқат навоварӣ ҳар сол бо миқдори муайяни маблағ 5-10 ҳазор доллар, ё кадом маблағе, ки набошад самара медиҳад, он гоҳ роҳбар оиди ин масъала фикр карда қарор қабул мекард.

Умуман гӯем, ҷараёни коммуникатсия аз поён ба боло дар асоси
иҷроиши функцияи идоравии табақаи поёнӣ сурат мегирад. Яъне роҳбарияти
поёнӣ дар шаклҳои ахбори оҷилӣ, ҳисоботӣ ва назоратӣ ба роҳбарияти болоӣ аз
иҷрои кор дар корхона ахбор медиҳад. Дар навбати худ дар звенаи поёнӣ барои
иҷро ва амалӣ гардонидани вазифаҳои аз боло гузошта, шаклҳои гуногуни
коммуникатсия истифода карда мешавад. Асосан дар таҷрибаи кории корхонаҳои
Тоҷикистон ин бо роҳи фармондиҳии бевоситаи даҳонӣ, навиштани хатҷа, ё

пешина
аз 465
навбатӣ