Менеҷмент. Қисми I

Китоби мазкур асосҳои назариявӣ ва амалии менеҷментро дар бар мегирад. Он ҳамчун маводи таълимӣ барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 465 саҳифа
Бевосита фаъолияти корхона аз он омилҳо иртиботи калон дорад. Ин пеш аз ҳама он мазмунро дорад, ки ҳақиқатан дар корхона одамон дар бораи чӣ мегӯянд, менависанд ва меҳонанд? Кадом масъалаҳо барои корхона зарур буда, барои алоқаҳои беруна самаранок мебошанд ва ба кори корхона таъсир расонида истодаанд ва дар оянда таъсир мерасонанд.
Мисол, агар оид ба моли корхонаи шумо ягон камбудиро рақибон дарёфт намоянд, онро аз будаш зиёд маънидод менамоянд. Роҳбарияти олии ширкатро зарур аст, ки намояндагони ахбори умум, ташкилоти назоратии стандарти давлатӣ, инчунин тамоми коргарони худро хабардор намояд, бо воситаи гуфтушунид, сӯҳбати телефонӣ, ҷаласаҳо, ҳисоботҳо, сӯҳбати рӯбарӯ то ин ки ин ҳодиса ором карда шавад.
Ташкилот воситаҳои гуногуни коммуникатсияро барои муносибати беруна истифода мекунад. Аксари маврид ба воситаи рекламаҳо ва дигар навиштаҷоти воситаҳои ҳаракаткунанда алоқаи худро ба муҳити беруна ташкил мекунанд. Доир ба алоқаи байни одамон бошад, корхона имиҷи худро бояд дар дараҷаи маҳал, ноҳия, ҷумҳурӣ ва байналхалқӣ нигоҳ дорад.
Ташкилот ва корхонаҳо маҷбур ва вазифадор мебошанд, ки мувофиқи қонуниятҳои мавҷудбудаи давлатӣ саривақт ҳисоботҳои хаттӣ пешниҳод намуда, андоз супоранд. Дар ин ҳисоботҳо асосан дар бораи ҳолати молиявӣ, истеҳсол ва фурӯши молҳо, инчунин доир ба ҷойгиршавии корхона, имкониятҳо ва имтиёзҳои худ менависанд.
Корхонаҳо дар навбати худ бо роҳи дастгирии ҳизбҳо ва гурӯҳҳои қонунбарор ба мазмуни қонунҳо ва қарорҳои оянда таъсир мерасонанд. Инчунин корхона бо органҳои иттифоқи касаба ҳамкорӣ ва мубодилаи ахбор дошта бошад, то оид ба проблемаҳои коргарони худ, чорабиниҳои зарурӣ биандешад.
Аксари маврид гузаронидани ҷаласаҳо, мактубҳои корӣ, сӯҳбатҳои телефонӣ, ҳисоботҳо ин ҷавоб ба муҳити беруна мебошад, ки масъала ва проблемаҳоро ба миён мегузоранд.
Дараҷаи дуюми ҷараёни коммуникатсия дар дохили корхона аз рӯи зинаҳо ва сохторҳои ташкилии корхона сурат мегирад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё