Менеҷмент. Қисми I

Китоби мазкур асосҳои назариявӣ ва амалии менеҷментро дар бар мегирад. Он ҳамчун маводи таълимӣ барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 465 саҳифа
бошад. Валекин менеҷер бо мақсади ҷорӣ намудани фикру ақидаи худ ва иҷрои вазифа маҷбур аст, ки бо одамон мубодилаи ахбор дошта бошад. Аз тарафи дигар функцияи ташкилӣ, банақшагирӣ, идоравии корхона, мотивсатсия ва назоратӣ бе муносибати байни одамон ғайриимкон мебошад. Аз ин ҷост, ки коммуникатсия ҳамчун звенои пайвасткунандаи менеҷмент хизмат менамояд.
Бо мақсади он, ки роҳбар вазифа ва функцияи худро дар корхона иҷро намояд, бояд мақсад ва вазифаи корхонаро гуфта тавонад ва дар асоси мубодилаи ахбор мустаҳкам намояд. Ӯ метавонад, фақат дар асоси ташкили самараноки коммуникатсия ба мақсади худ расад.
Маълум аст, ки коммуникатсия моҳияти калон барои муваффақиятҳои корхона дорад, аммо роҳбарон - 75% америкоиҳо, 63% англисҳо ва 85% ҷопонҳо ҳисоб мекунанд, ки коммуникатсия ба кори онҳо халал мерасонад.
Мувофиқи дигар тадқиқоти сотсиологӣ 250 ҳазор коргарон аз 2000 корхонаҳои калон ҳисоб мекунанд, ки коммуникатсия яке аз масъалаҳои мураккаби корхона мебошад. Ин маълумотҳо нишонаи он мебошанд, ки коммуникатсияи ғайрисамаранок — яке аз соҳаи асосии пайдоиши проблемаҳо мебошанд. Аз ин хотир мо бояд унсурҳои коммуникатсияро дар дараҷаи шахсони алоҳида ва ташкилот чуқур омӯхта, кори менеҷерро самаранок ба роҳ монем. Асосан, роҳбари самаранок ва хуб кор мекардагӣ ҳамон роҳбаре мебошад, ки дар коммуникатсия самаранок аст. Ин шахсон мазмуни ҷараёни коммуникатсиониро хуб медонанд, муомилай даҳонӣ ва хаттиро хеле нағз аз худ карданд ва медонанд, ки чӣ тавр ин ба мубодилаи ахбор таъсири худро мерасонад.
Мисол, сухан агар дар бораи ҷараёни коммуникатсионӣ дар корхона, ё ташкилот равад, пеш аз ҳама оиди муносибати одамон, тарзи сухангӯии онҳо дар алоҳидагӣ ва гурӯҳӣ, дар сӯҳбати телефонӣ, ё дар вақти хондани ахбор, ҳуҷҷатро хаттӣ пур кардан, ё худ ҳисобот навистан пеш меояд.
Гарчанде ки дар фаъолиятҳои дар боло номбаршуда ҳамаи ҷараёни коммуникатсия мегузарад, аммо худи ҷараёни коммуникатсионӣ хеле мураккаб ва нозук мебошад.
Бо саволи он, ки дар корхона кай ва дар кадом вақт коммуникатсия зарур мебошад? чунин ҷавоб додан мумкин: Дар бобҳои гузашта мо он омилҳои беруна ва дохилае, ки ба фаъолияти корхона таъсир мерасонанд гуфта гузаштем.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё