Зеҳн
Менеҷмент. Қисми I

Китоби мазкур асосҳои назариявӣ ва амалии менеҷментро дар бар мегирад. Он ҳамчун маводи таълимӣ барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 465 саҳифа

ТиҷоратИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

6.1. Ҷараёни коммуникатсионӣ ва фаъолияти
менеҷмент

Коммуникатсия — ҷараёни ахбордиҳӣ аз як объект ба объекти дигарро меноманд. Субъекти коммуникатсия метавонад, ки шахсони алоҳида, гурӯҳҳо ва корхонаю ташкилот бошанд.

Мақсади асосии ҷараёни коммуникатсионӣ — ин таъминоти мазмуни ахборе, ки предмети мубодила мебошад. Маълум аст, ки худи ҳолати мубодилаи ахбор ҳанӯз самаранокии гуфтушунидро таъмин намекунад. Барои амиқ омӯхтани ҷараёни мубодилаи ахбор ва шартҳои самаранокии он мо бояд ҳолатҳо ва сабабҳои пайдоиш, инчунин давраҳои онро донем.

Дар ҷараёни мубодилаи ахбор чор унсури авваларо мушоҳида кардан мумкин аст.

равонкунандаи ахбор — шахсе, ки сарчашмаи чунин фикр мебошад,
ахборро ҷамъ карда ба дигар объект медиҳад;

маълумот — ахбори махсус, ки бо воситаи рамзҳо мустаҳкам карда
шудааст;

бахши ахборӣ — воситае, ки тавассути он ахбор дода мешавад;

қабулкунанда — шахсе, ки ахбор ба ӯ равон карда шудааст, ё ӯ ба дигар шахс мерасонад.

Ҳангоми мубодила ахбордиҳанда ва қабулкунанда аз якчанд марҳилаҳо мегузаранд. Вазифаи онҳо ташкил намудани ахбор ва истифодаи бахш бо мақсади расонидани ахборе, ки ҳарду тараф мефаҳманд ва қабул мекунанд. Ин вазифа мушкил мебошад, чунки ҳар як давра метавонад, мазмуни ахбор тағйир ёбад, ё тамоман дигар шавад.

Давраҳои алоқамандии коммуникатсия чунин мебошанд:

пайдоиши ақида;

интихоби бахш ва рамзгузорӣ;

мубодилаи ахбор;

декодировка.

Қайд кардан зарур мебошад, ки менеҷер аз 50 то 30% вақти худашро
барои коммуникатсия сарф мекунанд. Ин мумкин дар навбати аввал шубҳанок

пешина
аз 465
навбатӣ