Зеҳн
Менеҷмент. Қисми I

Китоби мазкур асосҳои назариявӣ ва амалии менеҷментро дар бар мегирад. Он ҳамчун маводи таълимӣ барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 465 саҳифа

ТиҷоратИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан
  1. Мақсаднокии менеҷмент — муайян намудани талабот, миссия ва мақсади корхона, захираҳо, ахбор ва натиҷагирии ахбор.

  2. Стратегияи менеҷмент — муайян кардани стратегияи корхона, тактика ва усули менеҷмент, ташкил ва иқтидори захираҳо, ахбор.

  3. Банақшагирии менеҷмент — коркарди консепсия, пешгӯӣ, барномасозӣ, нақша ва ахбор.

  4. Батанзимдарории менеҷмент — риояи қонун, регламент, стандарт, меъёр, андоз, ҷарима, литсензия, ахбор.

  5. Ҳавасмандкунонии менеҷмент — усули ҳавасмандгардонӣ, механизмҳо, вазифа ва тақсимоти кормандҳо, музди меҳнат, муқаррарии ахбор.

  6. Ташкили менеҷмент — сохтори идоравӣ, технологияи ташкилӣ, система, коммуникатсия ва услуби идоракунӣ, ахбор.

  7. Хирадмандонии менеҷмент — маълумотнокӣ, маданият, урфу одат, профессионализм, этика, ахбор.

  8. Ҳамоҳангсозии менеҷмент — мутобиқкунонӣ, балансӣ, мувозинатӣ, захиравӣ, идорашавандагӣ, коммуникатсия ва ахбор.

  9. Мотивация ва фаъолгардонӣ — талабот, услуб, манфиат, ҳукмронӣ, вазифа ва мартаба, масъалагузорӣ, ахбор.

  10. Иттифоқивӣ — муҳити корхона, пешво, обрӯву эътибор, иртибот, ахбор.

  11. Назорат — меъёр, қоида ва тартибот, технология, таҳлили ахбор.

  12. Баҳодиҳӣ — нишондиҳандаҳои сифатӣ, экспертиза, тартибот, ахбор.

Аз гуфтаҳои боло маълум мегардад, ки ҳар як функцияи менеҷмент вазифаҳои хоси худро доранд. Аммо дар маҷмӯъ ин функцияҳо стратегияи ягонаи менеҷментро ташкил медиҳанд, ки барои ба мақсади асосии стратегӣ расидан кӯмак мерасонанд.

Стратегияи идоракунӣ дар шароити иқтисоди бозорӣ бояд омили пуркуввате бошад, ки корхона бо воситаи он ба рақобати озоди бозор тоб оварда тавонад.

Асосан стратегияи идоракунӣ бояд ба саволҳои зерин ҷавоб гардонад:

Кадом намуди маҳсулот бояд истеҳсол кард?

Барои кӣ ва дар куҷо бояд тиҷорат намоем?

Кадом технологияро бояд истифода кард?

пешина
аз 465
навбатӣ