Менеҷмент. Қисми I

Китоби мазкур асосҳои назариявӣ ва амалии менеҷментро дар бар мегирад. Он ҳамчун маводи таълимӣ барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 465 саҳифа
омӯзиши алоқамандӣ ва боҳамтаъсиррасонии одамон ва фаъолияти корхона мебошад.
Махсусан услуби таҳлили системавӣ ва стохастикӣ дар менеҷмент мавқеи назаррас дорад. Дар солҳои охир бо роҳи моделсозии риёзӣ самаранокии ва интихоби оптималии фаъолияти корхона муайян карда мешавад. Ин услуби омӯзиш низ дар менеҷмент ҳаматарафа истифода карда мешавад.
Услуби дигари омӯзиши назариявӣ ва таҷрибавии менеҷмент ин услуби эксперименталӣ мебошад.
Услубҳои дар боло номбаршуда дар омӯзиши ҳамаи фанҳои иқтисодӣ истифода карда мешаванд.
Фанни менеҷмент ҳамчун фанни иқтисодӣ бо фанҳои назарияи иқтисод, таҳлили фаъолияти корхона, риёзӣ, моделсозӣ, кибернетика, фалсафа, педагогика, психология, назарияи эҳтимолият, географияи иқтисодӣ, демография, иқтисоди корхонаҳо ва ташкили истеҳсолот алоқаманд буда, дар омӯзишу таҳқиқ аз онҳо истифода менамояд.
Дар навбати худ фанни менеҷмент ба омӯзиши дигар фанҳо кӯмаки худро мерасонад.
1.4. Функцияҳои асосии менеҷмент ва хусусиятҳои хоси он
Мафҳуми функция аз калимаи лотинии «Functio» — ӯҳдадорӣ буда, доираи фаъолият ва ё мавқеъро мефаҳмонад. Ин мафҳум қариб дар омӯзиши ҳамаи фанҳо истифода карда мешавад.
Функсия ҳамчун категорияи менеҷмент намуди беҳтарини фаъолияти идоракунии алоқамандии байни одамон мебошад.
Менеҷмент ҳамчун илми идоракунии ҷараёни иҷтимоию иқтисодӣ функцияеро иҷро менамояд, ки барои фаъолгардонии амалиёти одамон дар соҳаи идоракунӣ барои ба мақсади ниҳоӣ расидан кӯмак мерасонад.
Функсияҳои асосии менеҷмент — ин ташкили илмии сохтори идоракунӣ, пайдарпайии идоракунӣ дар ҳама зинаҳои роҳбариро дар бар гирифта, асосан ба 12 гурӯҳи калон ҷудо карда мешаванд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё