Менеҷмент. Қисми I

Китоби мазкур асосҳои назариявӣ ва амалии менеҷментро дар бар мегирад. Он ҳамчун маводи таълимӣ барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 465 саҳифа
Вобаста аз гуфтаи боло ба вазифаҳои менеҷменти корхона дохил мешаванд:
- таъмини ташкили дурусти истеҳсолот бо роҳи интихоби касб ва ҷобаҷогузории оқилонаи кормандони баландихтисос;
- ташкили ҳавасмандкунии коргарон бо роҳи пайдо намудани шароити хуби меҳнатӣ ва музди меҳнати баланд;
- назорати доимии фаъолияти корхона бо роҳи мутобиқкунии сохторҳои таркибии он;
- ҷустуҷӯ ва ҷорӣ намудани навоварӣ оид ба фаъолияти истеҳсолӣ ва бозори истеъмолии корхона;
- кор карда баромадани равандҳои асосӣ ва мақсадҳои ояндабинии корхона, пайдарпай будани иҷроиши мақсадҳо;
- кор карда баромадани маҷмӯи чорабиниҳо барои ба мақсад расидан дар давраҳои муайяни корӣ;
- муайян намудан ва пайдо намудани сарчашмаҳои захиравӣ барои ба мақсад расидан;
- назорати иҷроиши мақсадҳо.
1.3. Услуби омӯзиши фанни менеҷмент ва алоқамандии он ба дигар фанҳои иқтисодӣ
Услуби асосии омӯзиши фанни менеҷмент ба монанди дигар фанҳои иқтисодӣ услуби диалектикӣ мебошад, ки проблемаҳои идоракуниро дар алоқамандии доимӣ, ҳаракат ва инкишоф меомӯзад. Яъне ҳодисаҳоро аз оддӣ ба мураккаб, аз поён то боло, аз мушаххас то абстракт меомӯзад.
Хусусияти хоси услуби фанни менеҷмент дар он мебошад, ки дар маркази омӯзиш «Одам» қарор дорад, ки ҳамчун роҳбар ва ё ҳамчун коргар фаъолияти корӣ дорад.
Натиҷагирии фаъолияти пурраи корхона, ташкилот аз он вобаста аст, ки ҳар як «одам» аз коргари оддӣ сар карда, то роҳбари боло то чӣ андоза фаҳмишу дониш дошта, қобилияти иҷроиши кор ва вазифаро дорад. Аз ин рӯ, услуби менеҷмент — ин таҳлили илмии рафтори одамон дар корхона, инчунин

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё