Зеҳн
Менеҷмент. Қисми I

Китоби мазкур асосҳои назариявӣ ва амалии менеҷментро дар бар мегирад. Он ҳамчун маводи таълимӣ барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 465 саҳифа

ТиҷоратИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

❖ системаи идоракунии корхона;

❖ идоракунии истеҳсолот;

❖ банақшагирии стратегӣ;

❖ ташкили фаъолияти соҳибкорӣ;

❖ идоракунии захираҳои инсонӣ;

❖ идоракунии маркетинг;

❖ танзими андоз ва менеҷменти баҳисобгирии бухгалтерӣ;

❖ менеҷменти молиявию қарзӣ;

❖ менеҷменти иҷтимоӣ ва экология;

❖ усулҳои навтарини менеҷменти ҳазорсолаи сеюм.

Равандҳое, ки дар боло номбар намудем, предмети омӯзиши фанни менеҷмент буда, барномаҳои таълимиро пурра дар бар мегиранд.

Ҳамин тариқ, предмети менеҷмент ҳамчун илми идоракунӣ қонуниятҳоеро дар бар мегирад, ки дар фаъолияти ҳаррӯзаи байни ташкилот ва одамон дар ҷараёни идоракунӣ ба миён меоянд.

Максади асосии омӯзиши фанни менеҷмент ин омӯзиши усулҳо ва роҳҳои таъмин намудани фоиданокии корхона бо роҳи ташкили дурусти ҷараёни истеҳсолӣ, ҷорӣ намудани техника ва технологияи нави истеҳсолӣ, инчунин истифодаи иқтидори кормандии корхона мебошад.

Фоиданокии корхона чун омили асосӣ кафолати фаъолияти онро дар шароити рақобати бозори озод таъмин карда метавонад.

Ҳолати бозор бошад доимо дар тағйирот буда, мутобиқи шарту шароит ва талаботу таклифот дигаргун мешаванд. Бинобар ин доимо барои менеҷмент — таваккал кардан ва навоварӣ услуби асосии корӣ мегардад. Аз тарафи дигар дар шароити рақобати бозор танҳо мавҷудияти маблағҳои захиравӣ ва имконоти навоварӣ фаъолияти озоди корхонаро таъмин карда метавонаду халос. Асоси муваффақият бошад, аз усули идораву корбарӣ вобастагӣ дорад.

Вазифаи асосии омӯзиши фанни менеҷмент ин омӯзиши роҳҳои самараноки ташкили истеҳсоли молҳо ва хизматҳо мувофиқи талаботу таклифоти бозор, дар асоси захираҳои моддӣ ва инсонии корхона, инчунин таъмин намудани вазъияти мувозинати устувори он дар бозор мебошад.

пешина
аз 465
навбатӣ