Зеҳн
Менеҷмент. Қисми I

Китоби мазкур асосҳои назариявӣ ва амалии менеҷментро дар бар мегирад. Он ҳамчун маводи таълимӣ барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 465 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиётТиҷорат
Аз аввал хондан

Чӣ тавр ба рақобати бозор тоб оварем?

Консепсияи идоракунии корхона бояд назария, фикру ақоид ва услуб, тарзи идоракуниеро пешбинӣ намояд, ки барои ба мақсад расидан кӯмак расонад.

Мақоми қарордоди идоракунӣ дар коркард ва амалӣ гардонии фаъолияти идорагӣ зоҳир гашта, аз рӯи натоиҷи охирон баҳо дода мешавад.

Қисмати зиёди масоили соҳибкориро менеҷерон дар натиҷаи омӯзиш, асосноккунӣ муайян карда, барои иҷроиш ба ҳайати корхона пешниҳод менамоянд. Вазифаи функционалии аъзоёни коллективи корхона иҷрои масъалаҳои гузоштаи менеҷери корхона мебошад. Коркард ва амалӣ гардонидани қарордоди идоракунӣ хислати хоси функцияи менеҷмент буда, бояд хусусияти муттасилӣ, ошкорӣ, иҷтимоӣ ва алтернативиро дошта бошад.

Ҳар як функцияҳои дар боло номбаршудаи менеҷмент ахбори махсуси худро доранд. Бинобар ин дар 12 функцияи менеҷмент ахбор қисми таркибро ташкил медиҳад. Хулосаи асосии менеҷмент дар иҷроиши ин ё он функция дар асоси ахбори функцияи мувофиқ омӯхта мешавад.

Гурӯҳбандии функцияҳои менеҷмент вобаста аз хусусияти хоси истеҳсолии корхона дар ҳар як соҳа фарқ мекунад. Яъне вобаста аз соҳа ин ё он функцияи менеҷмент метавонад мақоми хоси худро дошта бошад, инчунин шаклҳои гуногунро бо худ гирад.

Вобаста аз системаи идоравӣ ва аломатҳои алоқаманди шаклҳои зерини функцияҳои менеҷмент ҷудо карда мешаванд:

  1. Идоракунии корхонаҳо:

  2. Вобаста аз шакл ва системаи менеҷмент.
    ❖ идоракунии корхонаи мустақил;
    ❖ ҷамъияти саҳҳомӣ;
    ❖ иттиҳодияҳо;
    ❖ ширкатҳо, ҳамкор, филиалҳо ва ғайра.

  3. Вобаста аз хусусияти истеҳсолӣ.
    ❖ идоракунии маркетинг;
    ❖ коркарди лоиҳаи илмӣ ва истеҳсолӣ;
    ❖ идораи фурӯши моли корхона;

пешина
аз 465
навбатӣ