Зеҳн
ФИҒОН

Ато Ҳамдам адиби маъруф ва сермаҳсул аст. Беш аз бист маҷмўаи ў, аз қабили қиссаву ҳикояҳо, новеллаҳо, хосса, асарҳои саҳнавӣ дар солҳои гуногун ба табъ расидаанд. Инак, боз як китоби нависандаи пуркор бо номи «Фиғон» ба хонандагони гиронқадр тақдим мешавад, ки навсанда ба жанрҳои дўстдоштаи худ содиқ монда, аз мавзўоти мухталифи рўзгори муосирони мо гоҳе ба дард ва гоҳе бо фахру умед ҳикоя мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 315 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Пешхизмат рафт. Дар мизи пахлўи чапи онҳо чор нафар – ду писар ва ду духтар менишастанд.
Гуфтугўи байни онҳо диққати Раҷабу Салимро ба худ ҷалб намуд:
– Медонед-чӣ, кадоме ҳамин рўз ба Наташа ҳуҷум карда чанд кор задааст. Мегўянд, ки мурдааст! – гуфт яке.
– Мурдааст?
– Ҳа, ҳамин хел мегўянд.
– Ин кадом Наташа?
– Гўё ки намедониста бошӣ. Ҳамоне, ки ду рўз пеш бо ҳамроҳи «Сери» ва боз як марди қоматбаланди чорпаҳлў дида будем.
– «Сери»-ро ҳам куштанд мегўянд? – гуфт яке аз ҳамсўҳбатҳо.
– Не, накуштанд, лекин аз куштан бадтар кардаанд, аз болояш оби ҷўш рехта, аъзои баданашро сўзондаанд. Ҳоло варам карда хоб рафтааст.
– Ҷазои ин хел одам ҳамин! – гуфт ҳамсўҳбати дигар.
Сўҳбати онҳоро пешхизмат бурида, таклиф кард, ки таъомҳои маъқулашонро номбар кунанд.
Раҷаб Нуров ва Салим Назаров бетоқатона рафтани пешхизматро мунтазир буданд, то давоми сўҳбати онҳоро гўш кунанд.
Пешхизмат рафт, лекин онҳо дигар ба сари ин масъала барнагаштанд.
Раҷабу Салимро дар сар фақат як андеша буд: марди чорпаҳлўи қоматбаланд кӣ бошад? Медвед?! Ў мумкин боз чанд бор ба ин ҷо омада бошад ва албатта, пешхизмат, ё коркунони ошхона ўро бояд донанд. Онҳо боз фикр мекарданд, ки пурсиши коркунони ошхона ва ҷавонони дар гирди мизи паҳлўяшон нишастаро бе таъхир гузаронанд.
Раҷаб ба Салим нигарист. Онҳо гўё ҳамдигарро аз як нигоҳу як ишора фаҳмиданд.
Пешхизмат таъом овард. Тановул карданд. Нуров аз мизи шафат чашм намеканд. Ғайри чашмдошт, ҷавонон нўшокиҳои сархушкунанда нанўшиданд, таъомҳояшонро хўрда бархостанӣ буданд, ки Салим пешдастӣ карда бе иҷозат курсиро гирифта дар паҳлўи онҳо нишаст. Ҳамаи он чизеро ки шунида буд, такроран пурсида хоҳиш кард, ки ба шўъбаи милитсия рафта ба таври хаттӣ гуфтаҳояшонро навишта диҳанд.

пешина
аз 315
навбатӣ