Зеҳн
ФИҒОН

Ато Ҳамдам адиби маъруф ва сермаҳсул аст. Беш аз бист маҷмўаи ў, аз қабили қиссаву ҳикояҳо, новеллаҳо, хосса, асарҳои саҳнавӣ дар солҳои гуногун ба табъ расидаанд. Инак, боз як китоби нависандаи пуркор бо номи «Фиғон» ба хонандагони гиронқадр тақдим мешавад, ки навсанда ба жанрҳои дўстдоштаи худ содиқ монда, аз мавзўоти мухталифи рўзгори муосирони мо гоҳе ба дард ва гоҳе бо фахру умед ҳикоя мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 315 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

– Боз ҳодисаи нав, – Нуров лаб таги дандон монда ба Назаров хитоб кард: – Ба ҷои ҳодиса меравем.
Вай ҷомадони тафтишотиро гирифту ҳарду ба берун баромаданд.
Овози гўшкаркунандаи мошини оперативӣ баланд шуд. Мошин ба қисми шимолии посёлка бо суръати баланд ҳаракат карда, зуд ба ҷои ҳодиса ҳозир шуд.
Ҷои ҳодисаро муфассал аз назар гузаронида ба воситаи киноаппарат ба навор гирифта шуд. Диққати Раҷаб Нуровро корди дудамае, ки дасташ аз шохи оҳу сохта шуда буд, ба худ ҷалб кард.
Таги он хунолуд буд. Дар гулубанди корд ду ҳарф, аввал – «М», чанд нуқта, баъд ҳарфи «Д» навишта шуда буд.
Раҷаб кордро ба Салим дароз кард.
– Фамилия ва номаш будагист? – ба ҳарфҳо ишора карда гуфт Салим.
– Тахмини ман ҳам ҳамин хел, вале нуқтаҳо чӣ маънӣ дошта бошанд? – пурсид Раҷаб Нуров.
Чанд номи тоҷикӣ ва русиро номбар карданд, дуруст намеомад.
– Ин боз «Медвед» набошад? – пурсид банохост Салим.
Раҷаб бори дигар бо ҳарфу нуқтаҳо бо диққат назар карда:
– Ҳарфи аввал «М» дар байн чор нуқта, ба ақидаи ман ҳам бояд «Медвед» бошад! – гўён ҷавоб дод.
– Дар ҳақиқат «Медвед» бояд бошад? Лаънатӣ сари роҳашро тоза карда истодааст, – гуфт Салим.
Офтоб ба ғуруб омада, шом фаро мерасид. Салиму Раҷаб азназаргузаронии ҷои ҳодисаро ба охир расонида, ба шўъба бармегаштанд. Раҷаб таклиф кард, ки ба ошхонаи сари роҳ фаромада хўроки шом хўранд. Салим розӣ шуд.
Ошхона серодам буд. Онҳо ҷои холӣ ёфта нишастанд. Дере нагузашта пешхизмат омада, таъомҳои бударо як-як номбар кард.
Он чи ки дилашон мехост, хоҳиш карданд. Пешхизмат пурсид.
– Нўшидан намехоҳед?
Онҳо ба рўи ҳамдигар нигаристанд.
– Ҳа, нимта, – гуфт Салим.
– Аз кадомаш?
– Аз сафедаш.

пешина
аз 315
навбатӣ