Зеҳн
ФИҒОН

Ато Ҳамдам адиби маъруф ва сермаҳсул аст. Беш аз бист маҷмўаи ў, аз қабили қиссаву ҳикояҳо, новеллаҳо, хосса, асарҳои саҳнавӣ дар солҳои гуногун ба табъ расидаанд. Инак, боз як китоби нависандаи пуркор бо номи «Фиғон» ба хонандагони гиронқадр тақдим мешавад, ки навсанда ба жанрҳои дўстдоштаи худ содиқ монда, аз мавзўоти мухталифи рўзгори муосирони мо гоҳе ба дард ва гоҳе бо фахру умед ҳикоя мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 315 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Раҷаб Нуров ба пешхизматҳо ва коркунони ошхона сўҳбат гузаронд. Маълум шуд, ки ҳақиқатан марди чорпаҳлўи қоматбаланд ба ошхона бори якум ҳамроҳи Саид ва Наташа, бори дуюм бо як зан (онҳо кӣ будани ўро намедонанд) омада буданд.
Раҷабу Салим ба шўъбаи милитсия баргаштанд.

Наташа – духтараки миёнақади малламўй, чашму абрўи зебо дошт. Ў дар беморхонаи минтақавӣ хамшираи шафқат буд ва дар ҳамсоягии Сорокин зиндагонӣ мекард. Муносибати ў бо маҳрум бад набуд, бо вай рафту омад ҳам дошт.
Боре, Наташа аз кор баргашта, дари ҳамсояаш Сорокинро кушода дид. Бе огоҳӣ ба хона даромад. Сорокин дар хона набуд, болои миз қуттичаи чоркунҷае, ки бо чарми сиёҳ рўйпўш дошт, меистод.
Қуттича диққати ўро ҷалб кард. Онро кушод, дарунаш кимчӣ хел ороиши занона ба шакли қунғузи сиёҳ мехобид. Ҷо-ҷои ороиш бо ситорачаҳои сафеди шуодиҳанда оро дода, занҷираки тиллогин дошт. Ҳавасаш рафт. «Қунғузак» ўро тамоман мафтун карда буд. Ҳисси кунҷковӣ ғалаба кард, «қунғузакро» бароварда, аз занҷираш дошта, ба гарданаш овехт. Ба оина наздик шуда бо карашма ба худаш нигарист. Ороиш ҳақикатан ба ў мезебид.
Сорокин кайҳо омада, рафтори ўро назорат дошт, табассум мекард.
– Бисёр зебанда! – гуфтани Сорокин ўро ба худ овард.
Наташа як қад парид. Саросема ороишро аз гарданаш гирифт.
– Ёдгорӣ аз модарам! Ба келинам тўҳфа мекунам, гуфта буд, ба мақсадаш нарасид, – ўро аз ҳиҷолат бароварданӣ шуда гуфт Сорокин.
Наташа узр пурсид.
– Ҳеҷ гап не. Нағз кардӣ, ки овехтӣ, ҳақиқатан зебанда.
– Иван Сергеевич! Ин аз чӣ сохта шуда бошад-а? – ба «қунғузак» ишора карда пурсид Наташа.
– Худи «қунғузак» лаъли сиёҳ, ситорачаҳои сафедаш бошанд, аз ёқут сохта шудаанд, – шарҳ дод ў.

пешина
аз 315
навбатӣ