ФИҒОН

Ато Ҳамдам адиби маъруф ва сермаҳсул аст. Беш аз бист маҷмўаи ў, аз қабили қиссаву ҳикояҳо, новеллаҳо, хосса, асарҳои саҳнавӣ дар солҳои гуногун ба табъ расидаанд. Инак, боз як китоби нависандаи пуркор бо номи «Фиғон» ба хонандагони гиронқадр тақдим мешавад, ки навсанда ба жанрҳои дўстдоштаи худ содиқ монда, аз мавзўоти мухталифи рўзгори муосирони мо гоҳе ба дард ва гоҳе бо фахру умед ҳикоя мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 315 саҳифа
Ба кабинет Салим даромад. Вай ҷавони бисту шаш – бисту ҳафтсолаи болобаланд буд, чеҳраи кушода ва чашмони равшан дошт.
– Ман тайёр!
– Ҳа, омадӣ? – Нуров ҷониби вай рўй гардонд ва – Рафтем! – гўён папкаро аз болои миз гирифта пеш даромад.
... Онҳо боз дар хонаи Сорокин. Баъди фосилае Салим чунин гуфт:
– Ба фикрам, баъди рафтани мо ба ин ҷо касе омадааст.
Нуров аз кофтуков сар бардошта, бодиққат ба рўи Салим нигарист.
– Далел ҳаст? – пурсид вай.
– Ҳаст. Ман нағз дар ёд дорам. Бори аввал анҷоми хона парешон буд. Ин аз рўи протоколи азназаргузаронӣ ҳам маълум.
Ман чунин тахмин мекунам, ки ҷинояткор бори аввал ба мақсадаш пурра нарасида, баъд пайт ҷуста боз гашта омадааст.
– Чаро?
– Намедонам, вале ҳамин тавр тахмин мекунам.
Тааҷҷубовараш боз он аст, ки аз анҷомҳои рўи хона хобида ягонтааш гум нашудааст.
– Тахминат баҷо. Маълум мешавад, ки калиди дигар дар дасти қотил аст, – хулоса кард Нуров.
– Дуруст мегўед, – гапи ўро тасдиқ намуд Салим ва илова кард. – Ман ҳайронам, ки чаро дар ягон ҷо нақши даст ё пояш намондааст. Ин тавр шуданаш номумкин. Бояд ягон чиз боқӣ мемонд.
– Ҷинояткори таҷрибакор менамояд. Устокорона амал кардааст. Бо вуҷуди ин чанд аломати муҳим муйян гашт, – гуфт Нуров.
– Масалан?
– Яъне... Калиди сеюм... Бори дуюм ба ин ҷо омадани қотил...
Магар ин бад аст?
Салим лабханд кард.
– Ин аломатҳо ҳоло чизе намегўянд.
– Чизе нагўянд ҳам, моро умедвор мекунанд. Як дақиқа... – Нуров, банохост чашмаш ба коғазпорае, ки дар як гўшаи хона ғиҷим мехобид, афтод. Дартоз омада онро бардошт ва ба эҳтиёт боз намуд. Ба он дуру дароз нигарист.
– Афсўс ки ҷомадони тафтишотиро бо худ нагирифтам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё