Зеҳн
ФИҒОН

Ато Ҳамдам адиби маъруф ва сермаҳсул аст. Беш аз бист маҷмўаи ў, аз қабили қиссаву ҳикояҳо, новеллаҳо, хосса, асарҳои саҳнавӣ дар солҳои гуногун ба табъ расидаанд. Инак, боз як китоби нависандаи пуркор бо номи «Фиғон» ба хонандагони гиронқадр тақдим мешавад, ки навсанда ба жанрҳои дўстдоштаи худ содиқ монда, аз мавзўоти мухталифи рўзгори муосирони мо гоҳе ба дард ва гоҳе бо фахру умед ҳикоя мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 315 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Қалами химиконидашуда доред?
– Не-ку, чӣ шуд? – пурсид Салим.
– Лозим. Бисёр лозим!
– Ёфта биёрам.
– Кошкӣ!
Назаров аз хона баромад ва фурсате нагузашта дар даст қаламчўб баргашт.
– Марҳамат!
– Ташаккур.
Нуров аз киса кордча бароварда нўги қаламро тез кардаю онро харош дода – харош дода ордакро болои коғазпора пошид. Болои коғаз чизе намоён шуд. Тарафи чапи коғазпораро гардонда ин корро такрор намуд. Аз тарафи чап акси ким-чӣ хел хатчаҳо пайдо шуданд. Вале муайян кардани онҳо душвор буд. Нуров боз «афсўс, ҷомадончаи тафтишотиро нагирифтем» гўён коғазро бо эҳтиёт ба даруни обчинаке гузошта ба папка ҷой кард.
Онҳо ба берун баромаданд. Хеле хомўш рафтанд.
– Ба назари ман, ҳамсояҳо бояд кушандаи Сорокинро донанд, лекин аз афташ вай онҳоро чунон тарсондааст, ки лому мим намегўянд, – яхи хомўширо шикаст Нуров.
– Наход ҳамаро тарсонда бошад. Ин номумкин аст, – эътироз кард Салим.
– Дар чӣ асос?
– Худат мулоҳиза кун. Мо қариб якуним соат дар бевақтии шаб дар хонаи Сорокин будем. Ягон кас ба назди мо наомад. Гўё, ки дар он ду хонаи дигар зоғе зиндагӣ намекарда бошад. Ба ҳаминаш ҳам ман диққат додам, ки дар лаҳзаи он ҷо будани мо ҳатто ягон кас дарашро накушод.
– Ҳамаро тарсонданаш номумкин, лекин фикрат беҷо не! Чӣ таклиф дорӣ?
– Таклиф? Ба онҳо фаҳмондан лозим, ки имрўз Сорокин қурбон шуд. Агар ба мо кўмак накунанд, аҷаб не, ки пагоҳ-фардо ба сари ягонтои онҳо ин фалокат биёяд. Он вақт чӣ мешавад?
– Фикри бад нею... Ба хар ҳол маслиҳат кардан лозим. Нашавад, ки корамонро осон мекунем гуфта, мардума ба воҳима андозем.
– Дуруст. Дар ин бора баъд гапзанон мекунем...

пешина
аз 315
навбатӣ