ФИҒОН

Ато Ҳамдам адиби маъруф ва сермаҳсул аст. Беш аз бист маҷмўаи ў, аз қабили қиссаву ҳикояҳо, новеллаҳо, хосса, асарҳои саҳнавӣ дар солҳои гуногун ба табъ расидаанд. Инак, боз як китоби нависандаи пуркор бо номи «Фиғон» ба хонандагони гиронқадр тақдим мешавад, ки навсанда ба жанрҳои дўстдоштаи худ содиқ монда, аз мавзўоти мухталифи рўзгори муосирони мо гоҳе ба дард ва гоҳе бо фахру умед ҳикоя мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 315 саҳифа
Ду нафар зуд ҷасадро болои замбар хобонда, болояшро пўшонда, аз дар берун шуданд.
– Хулоса кай тайёр мешавад? – пурсид подполковник.
– То пагоҳ! – кўтоҳ ҷавоб дод духтур.
– Ташаккур.
Духтур рафт. Дигарон ҳамоно ҷиҳози хонаро аз назар мегузаронданд. Барои ин кор соате сарф шуд. Вале чизе пайдо нашуд, ки дар хусуси чӣ тавр рўй додани куштор маълумот диҳад...
Пурсуҷўи одамони паси дар ва берун низ натиҷаи дилхоҳ надод.
– Аз рўи анҷомҳои парешони хона тахмин кардан мумкин буд, ки қотил ин корро бо мақсади ғорат кардани чизе кардааст, – гуфт подполковник.
Дигарон бо сарҷунбонӣ андешаҳои ўро тасдиқ карданд.
Чизе, ки боиси сар задани ҷиноят шудааст, чист? Ҷавоби ин ҳоло барои кормандони кофтуковӣ муаммое буд сарбаста...
Пардаи торикӣ гирду атрофро печонд. Дар кўчаҳо равуои одамон кам шуда буд. Чароғи кабинети муфаттиши калони прокуратура Раҷаб Нуров фурўзон буд. Ў материалҳои ба кушта шудани Сорокин оидбударо бори дигар бо мулоҳиза дида баромад.
Ниҳоят ба чунин хулоса омад, ки ҷои воқеаро худаш бори дигар дақиқона аз назар гузаронад. Вай папкаро пўшида ба кунҷи миз тела дод. Баъд гўшаки телефонро бардошта, чанд рақам чинд.
– Саринспектори кофтукови корҳои ҷиноятӣ Салим Назаров гўш мекунад, – шунид аз гўшаки телефон.
– Бори дигар салом. Ман Нуров. Гўш кун, ошно. Мехоҳам хонаи Сорокинро аз нав аз назар гузаронем. Ин корро худи ҳозир кардан лозим. Ҳамроҳи ман меравӣ?
– Бе гуфтугў!
– Бисёр хуб. Биё, ман мунтазир мешавам!
Нуров гўшакро ба ҷояш монда назди тиреза омад.
Сигор даргиронд. Аз тиреза ба берун нигарист. Ҳама ҷо типторик. «Вале ин муваққатӣ. Чанде мегузараду торикӣ ба равшанӣ мубаддал мешавад. Лекин дилҳои торик чӣ? Равшан кардани онҳо кории басо душвор» – аз хаёл гузаронд вай.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё