Зеҳн
ФИҒОН

Ато Ҳамдам адиби маъруф ва сермаҳсул аст. Беш аз бист маҷмўаи ў, аз қабили қиссаву ҳикояҳо, новеллаҳо, хосса, асарҳои саҳнавӣ дар солҳои гуногун ба табъ расидаанд. Инак, боз як китоби нависандаи пуркор бо номи «Фиғон» ба хонандагони гиронқадр тақдим мешавад, ки навсанда ба жанрҳои дўстдоштаи худ содиқ монда, аз мавзўоти мухталифи рўзгори муосирони мо гоҳе ба дард ва гоҳе бо фахру умед ҳикоя мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 315 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Қ И С С А Ҳ О
ҚУНҒУЗИ СИЁҲ1

Мошини оперативӣ кўчаву пасткўчаҳоро ақиб монда, назди бинои боҳашамате, ки дар пештоқаш «Хонаи маданият» навишта шуда буд, бозистод. Чанд нафар одамони низомӣ ва ду мардии либоси гражданӣ ба бар аз мошин берун шуданд. Онҳо ба назди бинои рақами 19, ки саҳнаш аллакай пури одам буд, омаданд.
– Инспектори минтақавии шўъбаи корҳои дохилӣ Саттор Хушвақтов, – худро шиносонд лейтенанти навча.
– Нишон диҳед, – амр кард подполковник – марди миёнасоли хушқаду қомат.
Лейтенант ба боло роҳ гирифт. Навомадагон аз паси вай вориди хона шуданд. Ду нафар, ки дар берун монда буданд, ба пурсуҷўи ҳамсояҳо шурўъ карданд.
Дари квартираи тарафи чапи ошёнаи сеюм кушода буд. Квартира се хона дошт: яке рў ба рўи дари даромадгоҳ, ду хонаи дигар дар ду тарафи он. Асбобу анҷоми хонаи калон паҳну парешон буданд. Дар миёнаҷои хона, болои кати оҳанин марди маламўи тахминан чил-чилудусола оғўштаи хун, чашмонаш кушода, дастонашон ба ду тараф овезон, рўболо мехобид.
– Дар ин ҷо боз кӣ зиндагӣ мекунад? – пурсид подполковник ба кати мақтул наздик омада.
– Ҳеҷ кас! – ҷавоб дод Саттор.
– Зану фарзанд, хешу табор дорад?
– Не!
Чириқ-чириқи аппарати суратгирӣ хомўшии ба амал омадаро халалдор мекард. Суратгир ҷасад ва анҷомҳои парешони хонаро ба навор гирифт. Сигнали дуру дарози мошини «Ёрии таъҷилӣ»
ба гўш расид. Ва фосилае нагузашта, духтур вориди хона шуд.
Вай ба подполковник салом дода, болои мурда хам шуд, онро ин сў – он сў гардонда, аз назар гузаронд.
– Бардоред, – супориш дод ў.

1 Бо ҳамкории корманди прокуратура Қ.Файз навишта шудааст.

пешина
аз 315
навбатӣ